Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Пошшозода ба Душанбе меояд

$
0
0

Шайхулислом Оллоҳшукур Пошозода, раиси идораи мусалмонони Қафқоз рӯзи 21 июл ба Душанбе сафар мекунад. Ин рӯҳонии маъруф рӯзҳои 22-23 июл дар пойтахти Тоҷикистон дар анҷумани “Ислом алайҳи ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм” ширкат хоҳад кард. Дар ин анҷуман ширкати рӯҳониёну диншиносон ва раҳбарони ҷамъиятҳои мазҳабии суннатӣ аз кишварҳову минтақаҳои мухталиф дар назар гирифта шудааст.Сафари Оллоҳшукур Пошозода бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Оллоҳшукур Пошозодаи 66-сола аз ақалияти қавмии толишҳои Озарбойҷон буда, ҳанӯз соли 1980, вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, раҳбари идораи мусулмонони Қафқоз интихоб шуда буд. Ӯ улуми диниро ибтидо дар мадрасаи “Мири Араб”-и Бухоро омӯхта, соли 1975 донишкадаи исломии Тошканд –  мактаби олии исломӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>