Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Тамоку:“заҳр” барои забони давлатӣ

$
0
0

Баргузории конфронсу семинарҳо, нишастҳои матбуотӣ барои рӯнамоии лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалӣ оид ба масълаҳои мухталифи ҷомеа кайҳост, ки дар кишварамон бу ҳукми анъана даромадааст. Аммо баъзе масъулон дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур ва пеш аз ҳама, дар иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» каммасъулиятӣ ва бепарвоӣ зоҳир намуда,  шаъну шарафи соҳибони забонро паст мезананд.

Даст болои дил гузошта, бояд иқрор шавем, ки ин  гуна муносибатро қариб дар ҳамаи семинару конфронсҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ худи роҳбарону масъулони вазорату кумитаҳо, ки татбиқи лоиҳаҳо бар зиммаи онҳо вогузор аст, раво мебинанд ва лаҳзае ҳам шарм намекунанд. «Узр, фалонӣ бо русӣ (англисӣ ё арабӣ) сухан мекунанд», - камбудии кори худро рӯпӯш карда ба забон меоранд онҳо. Ҳол он ки онҳо барои пешбарии чорабинӣ бояд тарҷумонро даъват намоянд.

Инаш дарди ба хайр. Далели ниҳоят тоза! Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамоку санаи 31-уми май дар толори «Шарқи Озод» нишасти матбуотӣ барпо кард. Аввал ҳайрату ҳасрати кулли рӯзноманигоронро матни лавҳаи нишасти матбуотӣ таҳти унвони «Ба намуди оддии қуттиҳои маҳсулоти тамоку омода бошед!» ба миён овард. Ҳарчанд андеша кардему аз намояндаи вазорат чӣ маъно доштани ин навиштаро фаҳмиданӣ шудем, натиҷа ҳосил нашуд. Болои сӯхта намакоб дар байни маводи нишасти матбуотӣ, ки Вазорат барои рӯзноманигорон пешкаш намуд,  дастурнома ва варақаи рангаи «Барои бастабандии содда ва оддӣ омода бошед» низ ба дастамон расид. Маънои мавзӯи нишастро аз онҳо  дармеёбам гуфта, онро варақ задаму ҳуш аз сарам парид: тарҷумааш ниҳоят бесаводонаю пурхато. Ҷумлаю ибораҳои тоҷиконаро қариб ки намеёбед. Сабабашро зимни саволу ҷавоб аз муовини вазир Наврӯз Ҷаъфаров пурсида, аз посухи беэътиноёнаи эшон шармам омад: «Ин таҷрибаи техникист, аҳамият надиҳед!». Умуман, ҷаноби Ҷаъфаров ва дигар масъулини дар садр нишаста ба саволҳои рӯзноманигорон аз бетайёрӣ ба нишасти матбуотӣ омадани онҳо гувоҳӣ медод.  Ҳамин қадарашро базӯр пайхас намудем, ки Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (роҳбари намояндагиаш Игор Поканевич) дар нишасти матбуотӣ лоиҳаи наверо бо номи «Барои бастабандии содда ва оддӣ омода бошед» рӯнамоӣ карданд. Барои Тоҷикистон, ки корхонаи истеҳсоли маҳсулоти тамоку надорад, ин лоиҳа чӣ нафъ меоварда бошад?!

Addthis: 
Автор: 
Эмоми Назариён

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>