
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз қарори нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” беҳтар кардани кори ин оҷонсӣ буд, на эҷоди маҳдудият дар роҳи нашрияҳои дигар.
Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дар як шарҳи расмӣ ба идораҳои давлатӣ дастураш дар бораи нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии “Ховар”-ро ташреҳ кунад. Як мақоми баландпояи ҳукумати Тоҷикистон имрӯз гуфтааст,ки ҳадаф аз қарори ахири ҳукумат дар бораи нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории миллии “Ховар” маҳдуд кардани дастрасии расонаҳои дигар ба маълумот нест, балки танҳо ба хотири таъмини фаъолияти хубтари ин оҷонсии расмӣ буд.
Ин мақоми давлатӣ, ки ба шарти набурдани номаш сӯҳбат мекардааст, гуфтааст: “Масъала ин буд, ки дар маҷлисҳои расмии ҳукумат хабарнигори “Ховар” ширкат мекунад, вале хабараш дар “Ховар” чанд соат баъд аз Озодиву расонаҳои дигар чоп мешуд. Манзури раҳбари давлат ин буд, ки хабарҳо дар “Ховар” фавритар чоп шаванд ва дар хабарҳои расмӣ ягон иштибоҳ наравад.”
Бисёре аз хабарнигорони тоҷик ин иқдоми ҳукуматро ҳамлаи навбатӣ ба озодии матбуоти бе он ҳам осебпазир дар Тоҷикистон унвон мекунанд ва мегӯянд, ироаи як мақоми истисноӣ ба як хабаргузории давлатӣ ба маънои монополия кардани бозори иттилоъ аст ва қонуни матбуоти Тоҷикистонро зери по мекунад. Аммо манбаи Озодӣ мегӯяд, дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ базудӣ бо нашри як шарҳ аз тариқи “Ховар” ба вазорату идораҳои давлатӣ хоҳад фаҳмонд, ки "ба ҷои салла калла"наоранд:
“Вазорату идораҳои давлатӣ ҳақ доранд ба расонаҳо хабару маълумоти заруриро бидиҳанд. Мо ба ин вазорату идораҳо хоҳем фаҳмонд, ки вақте суол ба шумо бошад, ҷавоб диҳед ба хабарнигорон. Инҷо набояд ягон мушкил бисозанд”, гуфтааст ин мақоми давлатӣ.
Ин дар ҳолест ки хабарнигорони расонаҳои мустақил ва хориҷӣ аллакай дар роҳи пайдо кардани маълумот аз идораҳои расмии Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Сохторҳои давлатӣ алакай гуфтаанд, ки суолҳои худро бояд аз тариқи хабаргузории “Ховар” ба онҳо бифиристанд. Намояндагони ин идораҳо гуфтаанд, ки ба онҳо аз “боло” чунин дастур омадааст.