
Дар Маркази норкологии вилоят 62-нафар нашъмандон ба қайд гирифта шудаанд. Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Салом Ваҳҳобов дар нишасти хабарие қайд кард, ки айни замон дар қайди муассисаҳои норкологии вилояти Суғд 1102 нафар қарор доранд. Аз ин шумора истеъмолкунандагони героин 1015 нафар, нашъамандони тазриқӣ 940 нафар, ҳашиш 41 нафар ва опий-46 нафарро ташкил медиҳанд.
Аз оғози табобати ҷойивазкунанда 236 нафар беморони нашъманд бо воситаи дорувории методон табобат гирифтаанд. Ҳоло дар марказ 76 нафар беморони нашъаманд бо воситаи дорувории методон ройгон табобат гирифта истодаанд. Ба гуфти духтурони ин марказ бемороне, ки ба воситаи дорувории методон табобат мегиранд, ҳолати умумияшон беҳтар гашта, худро солим ҳис мекунанд ва ҷои корӣпайдо карда дар корҳои ҷамъиятӣиштирок менамоянд.