Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Вазъи саломатии сарбози захмии қушунҳои сарҳадӣ вазнин аст

$
0
0

Як сазбори қатории Қушунҳои сарҳадӣ, ки зимни тирпаронӣ бо ҳамхидматаш захмӣ шуда буд, вазнин арёзб мешавад.

Расонаҳо хабар медиҳанд: "Илҳом Шафоев, ки шаш моҳ ба ин сӯ дар Қисми низомии 2931, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) хидмат мекард, баъд аз зуҳри 25 марти соли равон бо захми се тир ба Беморхонаи марказии ноҳия оварда шудааст. Бино ба иттилои як манбаъ аз қисми низомии 2931-и Қушунҳои сарҳадӣ, Илҳом Шафоев ва Абдулвоҳид Қурбонов, сарбози дигар дар дидбонгоҳи сарҳадии 8-уми Яхчипуни ноҳия бо ҳам тирпаронӣ кардаанд. Қурбонов бо захми чор тир дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сабабҳои сар задани ин ҳодиса номаълум аст. Табибон бо далели вазнин будани вазъи саломатии Шафоев ба кормандони мақомоти додситонӣ иҷозаи суҳбат бо ӯро ҳанӯз надодаанд. Манбаъ Шафоевро сокини ноҳияи Восеъ ва Қурбоновро сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гуфт, ки аз хидматаш як сол гузашта будааст." 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>