Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

«Истиқлол»- Бадахшон – 3:3

$
0
0

Тавре иттилоъ дода будем, бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол» санаи 20 апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ вохӯрии рафиқонаи чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон бо мунтахаби ҷавонони ВМКБ барпо гардид. «Истиқлол»-ро дар ин бозӣ ҳайати дуюми ҷавононаш намояндагӣ кард.

Сомонаи ФФТ хабар медиҳад, ки вохӯрӣ ниҳоят шавқовар ҷараён гирифта, бо ҳисоби 3:3 мусовӣ анҷом ёфт. Голҳоро аз «Истиқлол» Ҳомид Сафаралӣ, Гурез Аслонов ва  Карим Саидов ба ҳадаф расонданд. Бадахшониҳо низ дар ҷавоб ба дарвозаи душанбегиҳо 3 тӯбро ворид карданд.

Бозии мазкур ба пешвози ҷашни солгарди Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, рӯҳияи дӯстона дошт.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>