
«Барселона» боз бозиашро пайдо кард
Эмоми Назариён
Дастаи «Барселона», ки дар се бозии охирини чемпионат ба пирӯзӣ комёб нашуда, мавқеи пешсафиашро бо бартарии 9 хол аз даст дода буд, шоми 21 апрел дар вохӯрии даври 34-ум ба дарвозаи соҳибони майдон «Депортиво» 8 голи беҷавоб зад. Бозӣ пурра бо бартарии меҳмонҳо гузашта, умеди барбодрафтаи мухлисони каталониҳоро боз ҷон бахшид. Сегонаи тифоқи Месси, Суарес ва Неймар боз ҳунару истеъдоди пешинаашонро ба мухлисони бисёрмиллионнафараи футбол намоиш дод.
Ҳамлагари «барсҳо» Луис Суарес чор голи аввалинро дар дақиқаҳои 10, 24, 54, 64 ба ҳадаф расонда, муаллифи покер дар мавсими имсола гардид ва теъдоди голҳояшро ба 30 расонд.
Голҳои дигарро Ракитич (47), Месси (73), Бартра (78) ва Неймар (81) ба ҳадаф расонданд.
Ҳарифи дигари «Барса» дастаи «Реал» дар майдони худ ба тими Вилярреал мавқеашро дар ҷадвал мустаҳкам кард. Ҳамдастаҳои Криштану Роналду – Бензема дар дақиқаи 41, Васкес дар дақиқаи 68 ва Модрич дар дақиқаи 77 тӯбҳоро вориди дарвозаи меҳмонон карданд. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 поён ёфта, «Реал» аз «Барселона» ва «Атлетико» як хол камтар дорад.
Бояд гуфт, ки то анҷоми Чемпионати Испания дастаҳои Ла Лига 4-5 вохӯрӣ доир мекунанд. Талош аз баҳри унвони чемпиони мавсими солҳои 2015-2016 байни дастахои пешсаф торафт шиддат гирифта, мухлисонро бозиҳои шавқовар интизор аст.
Мавқеи дастаҳо дар мавсими 2015 – 2016-и ЛА ЛИГАи ИСПАНИЯ то 21 апрел
Дастаҳо | В | Б | М | б | т/т | Х |
34 | 25 | 4 | 5 | 96-29 | 79 | |
34 | 25 | 4 | 5 | 58-16 | 79 | |
34 | 24 | 6 | 4 | 101-30 | 78 | |
34 | 17 | 9 | 8 | 42-31 | 60 | |
34 | 16 | 6 | 12 | 51-41 | 54 | |
34 | 15 | 9 | 10 | 47-54 | 54 | |
34 | 13 | 10 | 11 | 47-42 | 49 | |
34 | 11 | 10 | 13 | 42-40 | 43 | |
34 | 10 | 12 | 12 | 31-31 | 42 | |
33 | 11 | 8 | 14 | 41-44 | 41 | |
34 | 11 | 8 | 15 | 45-53 | 41 | |
34 | 10 | 11 | 13 | 31-46 | 41 | |
34 | 11 | 7 | 16 | 38-46 | 40 | |
34 | 7 | 17 | 10 | 42-56 | 38 | |
34 | 10 | 7 | 17 | 35-63 | 37 | |
34 | 8 | 11 | 15 | 46-66 | 35 | |
34 | 8 | 8 | 18 | 35-55 | 32 | |
33 | 7 | 9 | 17 | 33-60 | 30 | |
33 | 7 | 7 | 19 | 30-56 | 28 | |
33 | 7 | 7 | 19 | 29-61 | 28 |