Вазорати адлияи ИМА дар робита ба далелҳое, ки ахиран бо номи "Парвандаи Панама"ифшо шуд, таҳқиқи ҷиноиро оғоз кардааст.
Додситони федеролии ҳавзаи Манҳэттен Прит Бҳарар гуфт, дар робита ба далелҳое, ки дар "Парвандаи Панама"зикр шудаанд, таҳқиқи ҷиноятӣ шуруъ гардидааст.
Додситон гуфт, ба Консорсиуми байналхалқии рӯзноманигорони пажуҳишгар муроҷиат карда, хостааст, дар омӯзиши ин мавод кумак расонанд. Маҳз ҳамин созмон бузургтарин таҳқиқи рӯзноманигориро дар робита ба ифшои ҳуҷҷатҳои махфие, ки ба ширкати офшории панамагии Mossack Fonseca тааллуқ дорад, роҳандозӣ кард.
Addthis: