Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Сафорат қазияи қатли тоҷикро шарoҳ дод: 2 нафар гумонбар боздошт шуд

$
0
0

Сафорати Тоҷикистон дар пайи кушта шудани як тоҷик дар муноқиша бо арманиҳо ин қазияро таҳқиқ карда, изҳорот доштааст, ки ду нафар гумонбар ба қатли шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд.

 

Сафорат ва ҳамчунин намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия қазия қатли шаҳрванди Тоҷикистонро шарҳ додаанд: “Дар пайи муноқиша шаҳрванди Тоҷикистон Шоимов Рамазони 24-сола, зодаи ноҳияи Ёвон, аз зарби корд ба ҳалокат расида, ҷавони дигари тоҷикистонӣ, Сармонов Рӯзибек Бойназарович бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонаи Склифасовский бистарӣ шудааст”. 

Ин ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон таъкид кардаанд: “Айни замон шаҳрванди маҷруҳшудаи Тоҷикистон аз табобати лозимиро гирифта истодааст”. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ дар хиёбони "МИР"-и Маскав байни тоҷикон ва арманиҳо муноқиша сар зад, ки дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохта, як нафари дигар маҷруҳ гардид.
 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>