Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Вохӯрӣ бо сафири Туркманистон дар Академияи илмҳо

$
0
0

19-уми апрели соли 2016 дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чари Адаев пазируфта шуд.

Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохурӣ ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикҳо Кароматулло Олимов, Саимуҳаммад Одинаев, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунёд Ғаффоров ширкат варзиданд.

Дар вохӯрӣ Сафири Ҷумҳурии Туркманистон ҳамкориҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Туркманистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин омодагӣ оид ба баргузор намудани мизи мудаввар бахшида ба зодрӯзи шоири шинохтаи туркман Махтумқулӣ баррасӣ гардид.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>