Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Қотили майёри милиса дастгир шуд

$
0
0

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ дод, ки , ки сокини шаҳри Истаравшан Зариф Ботуров ба гуноҳи  даст доштан дар куштори майори милиса Бахтиёр Нарзуллоев боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст,ки  зимни бурдани корҳои тафтишотӣ сокини ноҳияи Истравшан Зариф Ботуров боздошт карда шудааст, ки аз хусумати шахсӣ бо ин афсари милиса, ӯро бо 5 зарби корд ба қатл расонидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, Зариф Ботуров шаби 12 ба 13-уми июл ин афсари милисаро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ-Хуҷанд бо баҳонаи вайрон шудани автомашинааш манъ намуда, аз ӯ балони эҳтиётӣ ва асбоби борбардор (домкрат) мепурсад ва вақте ки Бахтиёр Нарзуллоев аз бағоҷи мошин ба ӯ домкрат доданӣ мешавад, аз пушт ӯро бо зарбаи корд ба қатл мерасонад. Сипас ӯ ҷасадро дар автомашинаи худи милиса ба курсии паси ронанда гузошта, бо мақсади тоза намудани изи ҷиноят, 6-7 километр дуртар ба ҷои пастхамӣ бурда ва оташ мезанад.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>