Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Пусриши динӣ: Сигор кашӣ, дузахӣ мешавӣ?

$
0
0

Чаро ҷонварон гап намезананд?

 

Натанҳо замину осмону одам, балки хазандаю паррандаю чаррандаҳоро низ Худованд офаридааст. Ман ҳамеша ба як савол ҷавоб меҷӯям, вале ба уламои гуногун муроҷиат карда бошам ҳам, то имрӯз ба саволам ҷавоб наёфтаам. Чаро офаридгор ба инсон забони гӯё дода, ҷонваронро бе забон халқ кард?

Ислом, шаҳри Истаравшан

 

Посух

Аз нигоҳи дини мубини ислом ҳама он чизе, ки дар чашми одамизод намудор мешавад, чи ҷилодор бошад, чи  ҳаракаткунанда, ҳамаи онҳо забони гӯянда доранд, аммо инсон қудрати дарк кардани забони ҷонваронро надорад. Чуноне шайх Саъдӣ (р.ҳ) мефармояд:

Ҳар гиёҳе, ки аз замин рӯяд,

Ло ҳавла вало шарикалоҳ гӯяд.

Паррандаю чаррандаю даррандаҳо бо забони худашон зикр мекунанд.

 

 

Мошин пир дорад?

Аксари ронандагон вақте ки ба сари чамбарак менишинанд, мошин пир дорад гӯён, аввал сураи ихлосро хонда, баъд муҳаррикро ба ҳаракат медароранд. Муллои ҷавоне ба ман гуфт, ки дар мошин сураи ихлос он тараф истад, ҳатто калимаи бисмиллоҳроба забон нагиред, чунки мошинҳоро кофирон месозанд. Ин гуфтаҳои ӯҳақиқат доранд?

Суннатулло, аз вилояти Суғд

 

Посух

Аз нигоҳи динӣ новобаста аз эътиқодаш, ки ба кадом оину мазҳаб пайравӣ мекунад, инсон шарофат дорад. Аз нигоҳи мазҳаби имом Абуҳанифа (р.ҳ) натанҳо аз чизи сохтаи онҳо истифода бурдан, балки ҳатто пасмондаи хӯроки кофирҳоро истифода намудан ҳалол аст.

 

 

Дар мурдахона хӯрок хӯрдан зиён дорад?

Аксари одамон аз хонаи мурдадор чизе намехӯранд.  Фаҳмидан мехостам, ки ин амали онҳо ба хотири гунаҳкор нашудан аст ё парҳез кардан аз хонаи аламзада. Дар ин бора дини мубини ислом чӣ мегӯяд?

Насиба, ш. Файзобод

 

Посух

Аз нигоҳи мазҳаби имом Абуҳанифа (р.ҳ)  то се рӯз ба хонаи мусибатзада бояд ҳамсояҳо таом пухта баранд. Хӯрдани таом аз хонаи мотамзада ягон зиён надорад, аммо хӯрдану ошомидан вобаста ба табъи инсон аст. Одам гурусна бошаду ҳазар карда аз хӯроки хонаи мурдадор нахӯрад, дар нафси худ зомин мешавад.  

 

Марди бе риш эмом мешавад?

Марде, ки риш ва зан надошта бошад, метавонад эмом ва пешдаро шавад?

Хонанда, аз шаҳри Ҳисор

 

Посух

Пештар ҳам қайд карда будем, ки дар намоз 12 фарз-6 фарзи дохилӣ ва 6 фарзи берунӣ вуҷуд дорад. Бе риш будани эмом дар фарзи ... дохил мешавад. Марде, ки риш надорад, ҳақ дорад, ки пешдаро ё эмом шавад, намоз хондан пушти сари нафари бериш ҷоиз аст.

 

Ду арӯсро аз як дар дарорӣ сиёҳбахт мешаванд?

Ба наздикӣ писаронам Ҳасан ва Ҳусейн хонадор мешаванд. Мегӯянд, ки рӯзи тӯй ҳарду домодро аз  як дар даровардан  мумкин нест. Ин гуфта то куҷо ҳақиқат дорад?

Раҷабгул, ш. Душанбе

 

Посух

Издивоҷ яке аз суннатҳои ислом мебошад. Дар як рӯз тӯй кардани дугоникҳо кори хайр аст. Он ки мегӯянд, агар дар як рӯз ду арӯс фарорӣ ҳатман яктоаш бадбахт мешавад, танҳо гапи хушку холӣ аст. Барои якбора аз дар даромадани ду домод ё ду арӯс аз нигоҳи динӣ ягон монеае вуҷуд надорад.    

 

Сигор кашӣ, дӯзахӣ мешавӣ?

Дар Қуръон омадааст, ки худкушӣ ҳаром аст. Одатҳои баде, ки оқибаташ ба марг оварда мерасонад, масалан дуд додани сигор, кашидани бангу нашъа ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, ҳукми онҳо аз нигоҳи дини мубини ислом чӣ гуна аст?

Муҳибулло, хонандаи “Оила”

 

Посух  

Худованд дар Қуръони азимушшаън фармудааст, ки худро ба дасти худ ба ҳалокат нарасонед. Сигор, яке аз чизҳои заҳрнок ба ҳисоб меравад ва зарарнок будани онро тибби имрӯза исбот кардаст. Пайғамбар (с) фармудааст: “Касе заҳр бихӯрад, нафсашро талаф бидиҳад, бо хӯрдани заҳр дар дӯзах дар оташ месӯзад ва ҷовидон бо чунин ҳол боқӣ мемонад...” Касе, ки даст ба худкушӣ мезанад, аз дин бегона ва мисли бединҳо дӯзахӣ хоҳад гашт.  

 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles