Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

А.Ғоиб: соҳибкорон тарафдори зиёд кардани ҷаримаи молҳои қочоқанд

$
0
0

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз  тағйирот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки афзоиши ҷаримабандии соҳибкоронро барои воридшавии ғайриқонунии мол пешбинӣ мекунад, ҳимоят кард. 

Раиси Хадамоти гумрук имрӯз, 6 апрел зимни баромадаш дар назди вакилон изҳор дошт, ки ҷаримаҳои феълӣ барои вуруди ғайриқонунии мол аз ҷониби соҳибкорон хеле паст мебошанд ва зарурати афзоиши онҳоро таъкид намуд. Ба гуфтаи Абдуфаттоҳи Ғоиб бар асоси тағйироти пешниҳодшуда ҳаҷми ҷаримаи соҳибкорони инфиродӣ баробари арзиши моли ғайриқонунӣоридкардаашон пешбинӣ гардидааст. Ӯ афзуд, ки ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ ду баробар аз арзиши моли ғайриқонунӣ воридкардаашошн зиёд хоҳад буд. Ӯ  гуфтааст: “Соҳибкорон дар мулоқотҳо аз мо дархост намуданд, то ҷаримаи онҳое, ки молро тариқи қочоқ ворид мекунанд, зиёд гардад”. 

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони дар хитоб ба Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид намуд, ки фаъолияти мақомоти гумрук низ беҳтар карда шавад. Зуҳуров дар ҷаласаи гузаштаи парлумон суол гузошта буд, ки “қочоқро кӣ ворид месозад? Ҳамон корманди гумрук. Корманди гумрук дар пост истодааст, мебинад, иҷозат медиҳад. Ва ба таври қочоқ, ки молро ворид карданд, кӣ ҷавобгар аст? Аввал гумрук, баъд ҳамон одами ҷинояткор”. 

Маҷлиси намояндагон дар пайи баррасӣ тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки ҷаримаи бештари соҳибкорони қонуншиканро пешбинӣ кардааст, қабул намуд. 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>