
Дар асл ба носкашӣ аксар аз бачагӣ даст зада, ба калонсолон кӯркӯрона пайравӣ ва байни ҳамсолон худнамоӣ мекунанд. Касе онҳоро аз зарари нос огоҳ намекунад. Наврасон ба кайфияти нос дода шуда, аксардар калонсолӣ то охири умр кашидан мегиранд. Назарпурсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2005 байни мактаббачагон ошкор намуд, ки 20 фоизи онҳо нос мекашанд.
Барои истеҳсоли нос замони шӯравӣ тамокуи ноҳияҳои Панҷакент ва Ванҷ масолеҳи асосӣ буд. Имрӯз, ки парвариши тамоку дар ин ноҳияҳо ба нестӣ расидааст, барги тамокуро аз Қирғизистони ҳамсоя дастрас менамоянд. Барои нос навъи пасттарини тамокуро дар осиёби дастӣ реза карда, онро бо хокистари пӯстлохи дарахтон (маҷнунбед ё сӯзанбарг) ва оҳаки шукуфта меомезанд. Дар ин таркиб тамоку 30 фоиз, хокистар 50 фоиз ва оҳаки шукуфта 20 фоизро ташкил медиҳад. Дар натиҷа хокаи сафеду сабзранге ҳосил мешавад, ки бӯйи тези тамокуи арзонро дорад. Як килои ин хока 25 сомонӣ ва 1 кило носи тайёраш 30 сомонӣ арзиш дорад.
Муҳлати истифодаи носи тайёршуда 3 шабонарӯз аст. Пас аз ин оҳак тамокуро мехӯрад ва носкаш сӯзишеро дар пӯсти даҳон ҳис менамояд. Пӯсти даҳон аз носи нав низ зарар мебинад. Исбот шуда, ки носкашӣ ба бармаҳал вайрону рехта шудани дандонҳо оварда мерасонад.
Барои муайян кардани зарари нос охири соли гузашта мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон як миқдори онро аз бозорҳои Душанбе харида, барои ташхис ба Маркази таҳлилӣ- химиявии Институти умумирусиягии илмӣ-тадқиқотии ба номи Менделеев фиристоданд. Кормандони марказ дар таркиби нос элементҳои кимиёвии марги муш, хром, сурб, кадмийро муайян карданд, ки аз меъёри барои организми инсон муқарраргашта зиёд мебошанд.
Мутахассиси хадамоти санитарӣ-эпидемиологии вазорати мазкур Насибҷон Икромов гуфт, ки натиҷаҳои ташхиси номбурда аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми тайёр кардани нос ягон меъёри стандартӣ риоя намешавад. Ҳамин аст, ки меъёри муаяйнгардидаи моддаҳои зарарнок аз 7 то 35 маротиба зиёд аст. Ин ба бемориҳои сатҳи даҳон, онкологӣ, роҳҳои нафас ва узвҳои ҳозима боис шуда, бемориҳои дилу раг ва патологияи неврологиро афзун мекунад. Бар замми ин, носкаш мутеи нос мегардад. Ин аз таъсири никотин, ки дар таркиби нос аз меъёр 120 маротиб зиёд аст, ба миён меояд.
Маълумоти ташхиси Маскав таъкид менамояд, ки қоидаҳои истеҳсоли нос дар Тоҷикистон воқеан риоя намешавад, чунки дар носи тоҷик фоизи баландтарини микробҳои патогенӣ ошкор карда шудааст.
«Хоки Ватан», ки носкашони ашаддӣ бо меҳр мегӯяндаш, ҳамин хел заҳрнок будааст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ дар бораи зарари нос вуҷуд доштааст. Соли 2014 Қазоқистон ҳам носро ташхис кунонда, дар таркибаш моддаҳои химиявии ба саломатӣ хатарнокро ошкор кард. Носҳои бозорҳои Қарағандаро мутахассисони лабораторияи Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Стокголм аз ташхис гузаронида, дар носи қазоқҳо низ меъёри аз ҳад зиёди хрому никел, кадмий, сурб ва марги мушро ошкор намуданд.
Соли 2015 ҳукумати Қазоқистон истеҳсол ва фурӯши носро дар мамлакат манъ кард. Ин тадбир ба фаъолияти деҳқонони вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ, ки дар тамокузоронаш то 100 ҳазор одам машғули кор буданд, зарари сахт расонд. Пас аз ин дар кишвари мо сару садоҳое дар бобати мамнӯъ эълон кардани истеҳсоли нос пайдо шуд. Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ин боб лаб намекушояд. Бинобар гуфтаи Н. Икромов, мутахассисони вазорат стандартҳои истеҳсоли носро коркард доранд.
Инчунин, ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» нисбат ба истифодаи нос низ тағйирот ворид карда хоҳад шуд.
Шветсия носи худро доштааст, ки бо номи «снюс» миёни мардум машҳур аст. Снюсро аз омехтаи тамоку, об, намак ва ароматизаторҳо истеҳсол намуда, онро байни лаби боло ва милки дандон мегузоранд. Шведҳо аз он беш аз 200 сол аст, ки истифода мебаранд. Дар бисёр мағозаҳои Шветсия дар шафати касса яхдонҳо бо бонкачаҳои гирда гузошта шудаанд, ки дар онҳо снюс нигоҳ дошта мешавад. Дар кишвар истеҳсоли нос аз соли 1973 дар бонкачаю пакетчаҳо дуруст ба роҳ монда шудааст. Имрӯз снюсро 18 фоиз ва сигаретро 10 фоизи мардони швед мекашанд. Снюс низ ба мисли нос ба саломатӣ зарар мерасонад.
Э. НАЗАРОВ,
«Тоҷикистон»