Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Убайдуллоев ба масъулон барои ислоҳи нақлиёти шаҳр 1 моҳ муҳлат дод

$
0
0

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини соҳаи танзими нақлиёти шаҳрӣ охирин танбеҳ эълон кард ва гуфт ислоҳи камбудиҳои соҳаи нақлиёт бояд ислоҳ шавад.

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Абдулҳақ Алиев, раиси «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Файзиддин Камолов, сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти пойтахт охирин танбеҳ эълон намуда, барои ислоҳи камбудиҳои соҳаи нақлиёт як моҳ муҳлат муқаррар кардааст. 

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 4 апрел ба ду масъули танбеҳгирифта, дастур додааст, ки давоми як моҳ сару либоси ҳатмии ронандагӣ ҷорӣ карда шавад. Раиси Душанбе инчунин хостори ҷилавгирӣ аз пахши мусиқиҳои гӯшхарош дар тамоми воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии хизматрасон новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ шуда, таъкид намудааст, ки маҳаллаҳои воридгардида ба марзи Душанбе бо хатсайрҳо фаро гирифта шаванд. Убайдуллоев инчунин муқаррар намудаст, ки минбаъд дар марзи шаҳр тағйирдиҳии хатсайр ва ё ташкили хатсайри нави нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни мавҷуд будани қарори раиси шаҳри Душанбе манъ мебошад.

Дар баробари баррасии масъалаҳои дигар Убайдуллоев ба номгузории маҳаллаю кӯчаҳо дар пойтахт дахл карда, дастур додааст, ки зимни номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳр, қабл аз ҳама ба пешниҳоди сокинони маҳалҳо такя карда шавад: “Баъдан бо интихоби номҳои аз нигоҳи мантиқу таърих ва фарҳанги миллӣ омӯзанда, лоиҳаи қарорҳои дахлдорро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе манзур созанд”. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>