Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Раиси нави Хуҷанд ба кор шурӯъ кард

$
0
0

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 31 март бо иштироки фаъолон ҷаласа доир шуд, ки дар он раиси нави шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз муаррифӣ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни муаррифӣ А.Қодирӣ барои фаъолияти пурсамар ба собиқ шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуд ва ба Шарифзода Шариф Файз дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Қобили зикр аст, ки санаи  30 март бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода озод гардида, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Шарифзода Шариф Файз и.в раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардиданд.

Маълумотнома

Шарифзода Шариф Файз 55-солаСоли  1982 Институти политехникии Тоҷикистонро  бо ихтисоси инженер-бинокор хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро  аз  устои  трести хонасозии калонпанели шаҳри Ленинобод то  идораи сохтмон,  котиби озоди комитети комсомолии трести хонасозии калонпанели ва мудири шуъбаи комитети комсомолии вилояти Ленинобод идома додааст. Аз моҳи августи соли 1997 ҷонишини раиси шаҳри Хуҷанд ва моҳи марти соли 2000 то моҳи январи соли 2012 дар вазифаи сардори муассисаи сайёри механиконидашудаи №115-и ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Суғдсохтмон» фаъолият дошт. Аз  13 январи соли 2012 то 30 марти соли ҷорӣ дар вазифаи  раиси шаҳри Роғун кору фаъолият кард.

Бо мукофотҳои   соҳавӣ  ва мукофотҳои давлатии «Сохтмончии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф дараҷаи II»  сарфароз гардонида  шудааст. Оиладор, падари 4 фарзанд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>