Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Дар Ӯзбекистон қади президент Каримовро то роҳбари Чин «таҳрир» карданд

$
0
0

Хабарнигорони агентииҳои расмии Ӯзбекистон аксҳои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон баргузор шуд, таҳрир карданд ва дар онҳо қомати президенти кишвари худро ба қади  раҳбари Чин баробар нишон доданд.

Дар аксҳои якҷояи раҳбарони Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қомати Каримов баробар бо қади раҳбари Чин тасвир шудааст,  дар ҳоле, ки дар асл қади Ҷинпин аз Каримов балантар аст.

Ин тағйиротро як хабарнигори бахши ӯзбекии радиои Озодӣ Фаррух Юсуфӣ ҳангоми тамошои хабару аксҳо дар Интернет мушоҳида кардааст. Ба эътимоди вай, аксбардорон ва ё ҳатто муҳаррирони ин аксҳо қади Син Ҷинпини 62-соларо то қади Ислом Каримови 77-сола «поин» овардаанд. 

- Дар асл қади Ислом Каримов тахминан 170 см ва қади Ҷинпин – 180 см аст. Бояд гуфт, ки «таҳрир» ё фотошопи чеҳраи президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов барои хабаргузориҳои давлатии ин кишвар як таҷрибаи маъмулӣ шудааст. Онҳо ингуна корҳоро дар гузашта ҳам мекарданд, - мегӯяд хабарнигор.

Ба гуфтаи Фаррух Юсуфий, маъмулан ба таҳрири аксҳои президент хабаргузориҳои давлатии мисли uzreport.uz ва uza.uz роҳ медиҳанд. 

- Тафовут дар он аст, ки дар гузашта хабаргузориҳои расмӣ ҳамеша симои президентро суфтаву зебо нишон медоданд ва кӯшиш мекарданд, ки осори доғи сурхаконро аз пӯсташ “пок” кунанд. Вале ин ки ҳоло қади президенти Чинро онҳо “кӯтоҳ” кардаанд, барои мо ногаҳонӣ буд, - мегӯяд Юсуфӣ.

Аксбардорони ботаҷриба мегӯянд, дар замони шӯравӣ чунин “таҳрирҳо” ё фотошопу ретуш дар нисбати суратҳои раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин карда мешуд. Фаррух Юсуфӣ мегӯяд, ки эҳтимолан журналистони корманди  матбуоти давлатӣ бо ин амали худ хостанд “болотар” аз Каримов будани қади Ҷинпинро пинҳон кунанд ва нагузоранд, ки “раҳбари Чин баландтар аз президенти Ӯзбакистон бошад”.  Таърихи аксбардорӣ ҳокист, ки ҳунари таҳрир - фотошоп ё ретуши чеҳраву манзараҳо дар акс ҳамеша ҷой доштааст. Танҳо масъала ин аст, ки мақсади ин таҳрир "на ислоҳ, балки беҳтар кардани” сифати акс аст, мегӯянд аксбардорони касбӣ. 

 

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>