Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Баъди бохт аз Қирғизистон Мубин Эргашем барканор шуд

$
0
0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи даври якуми гурўҳии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда, натавонист аз гурўҳ барояд ва барои соҳиб шудан ба роҳхати даври финалӣ мубориза барад.


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мураббии калон Роман Пилипчук дар даври охирин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар ҳузури 8500 нафар тамошобин аз дастаи Қирғизистон мағлуб гашт.

Голи ягонаи ин вохўриро дар дақиқаи 18-ум Виталий Люкс зад. Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ин мусобиқаро бо 5 имтиёз дар зинаи чорум анҷом дод. Қирѓизистон бо 14 имтиёз сеюм шуд. Австралия дар майдони худ дастаи Урдунро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард ва дар ҷадвал якум шуд. Урдун, бо вуҷуди ин бохт, зинаи дуюмро гирифт ва бо Австралия ба даври дигар роҳхат гирифт. Дастаи Банғола дар ин гурўҳ бо 1 имтиёз охирин шуд.

Се дастаи ҷойи аввал ба даври финалии Чемпионати Осиё-2019 роҳхат гирифтанд. Тоҷикистон ҳанўз барои роҳ ёфтан ба ин мусобиқа имкон дорад. Барои ба даври гурўҳии ЧО-2019 роҳ ёфтан футболбозони тоҷик бояд вохўриҳои ҳамроҳшавӣ гузаронанд, ки ин бозиҳо 2 ва 7-уми июн баргузор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахабро сармураббии нав ба ин мусобиқа роҳнамоӣ хоҳад кард, зеро ҳамаи ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаб бо роҳбарии Мубин Эргашев баъди нокомии даста аз ҷониби роҳбарияти ФФТ аз вазифа барканор карда шуданд. Номи сармураббии нав ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>