
Ҳамкориҳоямон бад нест, аммо имкониятҳое бештаре дорем, ки аз онҳо истифода мебояд
15-16 - уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи XXIШӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ин ҷаласа раисони агнетиҳои иттилотии давлатиии ИДМ, аз ҷумла директори генералии ТАСС Сергей Михайлов, муовини аввали директори генералии ТАСС Михаил Гусман, директори Агентии иттилоотии «Арменпресс» Арам Ананян, директории генералии Агентии телеграфии Беларус (БелТа) Дмитрий Жук, директории генералии Агентии байналмиллаии иттилотии «Казинформ» Даурен Дияров, директори генералии Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» Кубаничбек Табалдиев, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Заробиддин Қосимӣ ва дигар намояндагони агентиҳо иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳангоми танаффуси кори ҷаласа, суҳбати кӯтоҳе доштем бо Сергей Михайлов, директори генералии ТАСС.
-Сергей Владимирович, фикр мекунам, ки Шумо бори аввал дар Душанбе ҳастед?
- Бале.
- Хуб, аз пойтахти Тоҷикистон чӣ бардошт кардед?
- Ду рӯзе, ки мо ин ҷо будем, ҳаво боронӣ буд. Бинобар ин, натавонистем шаҳрро ба хубӣ тамошо кунем. Дирӯз аз пойгоҳи ҳарбиамон (Пойгоҳи 201 дар Дашанбе дар назар аст- ред.)дидан намудем ва ба онҳо китобхона ҳадя кардем, то дар вақтҳои фориғ аз тамрин ва кор мутолиа кунанд. Аммо он чизе, ки имкон даст доду дидем, хеле хотирмон буд. Душанбе шаҳри бисёр озода аст, ки кӯҳҳо онро иҳота кардааст ва бисёр зебост. Имрӯз ҳаво офтобӣ аст ва фикр мекунам, ки ба тамошои шаҳр мебароем. Аз ҳама ҷолибияти сафари мо ин вохӯрӣ бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, президенти шумо буд, ки мулоқотамон хело ҷолиб гузашт.
- Бо президентимо сари кадом масъалаҳо суҳбат доштед?
- Мо атрофи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия қариб дар ҳама соҳаҳо гуфтугӯ доштем, аз масъалаҳои ҳарбӣ-техникӣ то иттилоотӣ. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ва ҳамкориҳои иттилоотӣ миёни агентиҳо бештар мароқ зоҳир кард ва аз натиҷаи ҳамкориҳои бисёрсолаи мо пурсон шуд. Мулоқоти мо се соат тӯл кашид ва бисёр ҷолибу хотирмон буд. Табъи президент ҳам хуб буд. Умуман, Эмомалӣ Раҳмон дӯсти дерина ва содиқи Русия аст. Ҳамеша барои густариши равобит талош мекунад ва онҳоеро, ки ба фикри ӯ ба рушди муносибатҳо халал ворид мекунанд, танқид мекунад.
- Шумо сатҳи муносибатҳои миёни Русия ва Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Дар ҳоли ҳозир муносибатҳоямон бад нест. Аммо, ба фикри ман, ҳоло ҳам мо имконият дорем барои ҳамдигар корҳои муҳимеро ба анҷом расонем. Аз ҷумла, Русия имконияти бештар дорад то дар Тоҷикистон барои рушди забони русӣ, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо талош кунад ва, албатта, мо ин фикрро ба онҳое, ки ташаббускор буда метавонанд, мерасонем.
-Дурнамои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон аз нигоҳи шумо чӣ гуна аст?
- Ман фикр мекунем, ки хуб ва қавӣ аст. Мо таърихан дӯст ҳастем, муносибатҳоямон хуб буд ва фикр мекунам ҳамин тавр давом хоҳад ёфт.
- Масъалаҳое асосие, ки шумо имрӯз дар ин нишаст матраҳ мекунед, кадом аст?
- Мо масъалаи аввлиндарваҷа ё дуюмдараҷа надорем. Ҳар чизе ки мо баррасӣ мекунем, муҳим ва барои корамон зарур аст. Нуктаи асосии нишасти имрӯзиамон ҳам рушди ҳамкориҳо, табодули иттилоот ва чӣ гуна беҳтар намудани ҳамкориҳо дар соҳаи иттилоот ҳам аз ҷиҳати эҷодӣ ва ҳам аз техникӣ аст. Имрӯз қарордоди ҳамкориҳои хизматрасониҳои аккосиро имзо мекунем ва фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик, қарордоди престурҳои калонро дар сатҳи мамолики ИДМ ба тавсиб мерасонем.
- Чаро барои гузаронидани ин ҷаласа маҳз Душанбе интихоб шуд? Ё навбати Тоҷикистон буд?
- Не, мо дар гузаронидани ҷаласаҳо навбат надорем. Душанбе дар симои Агентии миллии Тоҷикистон «Ховар» ташаббус нишон дод, ки моро қабул кунад ва мо бо ҷону дил розӣ шудем, чунки қисми зиёди аъзоёни ҷаласа боре ҳам дар Душанбе набуданд. Масалан, ману Гусман (Михаил Соломонович Гусман, муовини директори генералии ТАСС – ред.), тамоми дунёро қариб гаштаем, аммо дар Душанбе набудем, ҳамкасби қазоқи ман ҳам боре ин ҷо набудааст. Барои ҳамин мо фикр кардем, ки дар Душанбе гузаштани ин ҷаласа ҳам хотирмон ва ҳам зарурист.
Мусоҳибон: Одили НОЗИР,
Елена Бекаева,
«Тоҷикистон»