
Гуруҳи исломии узбакистон, ки ҳамакнун шохаи вобастаи "Давлати исломӣ"шумурда мешавад, дар пайи ҳамла ба кишварҳои Осиёи Марказист.
Як хабарнигори афғонистонӣ дар суҳбат ба "Евронюс"ин нуктаро таъкид карда гуфтааст: "Неруҳои таҳрики исломии Узбакистон вобаста ба шохаи "Давлати исломӣ"дар ҳоли сарбозгирӣ ҳастанд. Ин гуруҳ мехоҳад пойгоҳҳои худро дар Афғонистон таҳким кунад ва ҳамалоти худро аз шимоли Афғонистон ба Осиёи Марказӣ интиқол диҳад".
Ин хабарнигор, ки аз ӯ Мухтор Вафоӣ номбурда мешавад, дар суҳбат ба шабакаи телевизионии "Евронюс"дар иртибот ба ҷабҳабандиҳои нави "Давлати исломӣ"дар Афғонистон мегӯяд: "Имсол таҳрики исломии Узбакистон дар шонздаҳ маҳал дар шимоли Афғонистон бо неруҳои "Давлати исломӣ"байъат кардаанд, ва илова ба неруҳои тоҷикистонӣ, чеченӣ, толибони норозӣ аз Мулло Ахтар Мансур, раҳбари ҷадиди гуруҳи толибон ба таҳрики исломии Узбакистон пайвастаанд".
Ин хабарнигори масоили амниятии Афғонистон гуфтааст, ки "Давлати исломӣ"ба мусаллаҳ кардани неруҳояш дар бархе манотоқи шимол, аз ҷумла Фарёб, Дашти Арақчӣ, Қисор ва қисмате аз манотиқи вилояти Қундуз ва Тахор машғул аст ва ин гурӯҳ таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Ӯ мегӯяд, ки ҳанӯз қудрати ин неруҳо барои ҳамла ба марзҳои кишварҳои Осиёии Марказӣ заъиф аст, вале бо таваҷҷӯҳ ба раванди ҷалби ҷавнон ва ифротгароён ба сафи ин гуруҳ дар оянда хатари ҷиддӣ барои ин кишварҳо маҳсуб хоҳад шуд.
Ин гузоришҳо хабар аз вазъияти ноором дар манотиқи марзӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ медиҳад. Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар тараддуди муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯйи Афғонистонанд.
Ҳафтаи гузашта Тоҷикистону Русия бузургтарин манёври низомии худро дар назди марзи Афғонистон доир кардаанд, ки дар тайи чанд соли ахир ин размоишоти низомӣ бесобиқа буд.