
Муҳаммад Ғоиб бинобар сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи расмии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» озод карда шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бознишасти Муҳаммад Ғоиб дар ҳолест, ки охири моҳи равон Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегардад ва овозаҳо ҳаст, ки гӯё номбурда акнун раисии ин ташкилоти бонуфузи эҷодиро ба дӯш мегирад.
Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт мебошад. Номбурда зодаи ноҳияи Данғара ва фориғуттаҳсили факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, аммо қисматашро ба кори эҷод бахшида, фаъолияти кориашро аз хабарнигорӣ дар радио оғоз кардааст.Баъдан, дар ҳафтаномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» кор кардааст. Аз соли 1990 дар вазифаи мудири бахши хабарнигорон ва сардори коргоҳи вилояти Хатлон, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директории Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ва директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кор кард.
Ҳоло ба курсиии Муҳаммад Ғойиб Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф, ки то ҳол дар вазифаи мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд, нишаст.