
Ёвари нахуствазири Покистон Тоҷикистонро шарики аслии Покистон дар қитъаи Осиёи Миёна хондааст.
Ториқ Фотимӣ, ёвари нахуствазири Покистон дар дидор бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин нуктаро таъкид намудааст. Муҳаммадото Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ёвари нахуствазир Покистон дар ин дидор таъкид намудааст, ки ”Покистон ҳамеша талош менамояд, қитъаи Осиё ба минтақаи амну субот мубаддал гардад, зеро оромии он таъминкунандаи зиндагии осоишта барои мардумони ҳамаи кишварҳо мебошад”.
Ёдовар мешавем, ки Шукурҷон Зуҳуров бо сафари расмӣ ба Покистон рафта бо мақомотҳои баландпояи кишвар Покистонҳо мулоқотҳо анҷом дод ва дар доира ин барнома ҳамкориҳо байни ду кишварро ба баррасӣ гирифт.