Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Абдуфаттоҳи Ғоиб, аз манфиатбардорӣ то боздошти 5 ходими Гумрук

$
0
0

 

 Раиси Хадамоти гумруки мамлакат Абдуфаттоњи  Ѓоиб зимни нишасти матбуотӣ гуфт ,ки нисбати 5 корманди Хадамот парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.Онҳо ба сохтакорӣ роҳ дода ,аз ин ҳисоб маблаѓи калон ба даст оварданӣ буданд . Раис аз бевиҷдонии чанд тан аз ходимони гумрук изҳори нигаронӣ карда иброз дошт ,ки барои истеъмоли мардум маводи заҳролуду ҳар гуна пӯсти мурѓро ворид мекунанд.

Соҳибкори инфиродиеро боздошт кардаанд, ки дар ҳуҷҷатҳо глюкоза гуфта, амалан аз Эрон пӯсти мурғро ворид мекардааст: “Вақте борро кушоданд, 23 тонна пӯсти мурғро дарёфт карданд, ки аз он оби заҳр мечакид. Ин маҳсулот дар он кишварҳо истеъмол намешавад, он ҳамчун пасмонда меравад. Аммо бархе соҳибкорони мо онро ворид карда, аз он ҳасиб, як намуди ғизо-киевски катлет ва инчунин “шаурма” мепазанду ба мардум пешниҳод мекунанд”.

Ӯ афзуд, ки бисёри бозичаҳои кӯдакона ба кишвар ғайриқонунӣ ворид мешаванд ва барои ҷилавгирӣ аз ин раванд имконоти ниҳоди зертобеяшро нокифоя арзёбӣ карда ,ҳамкории сокинони мамлакатро ба мақсад мувофиқ донист.Ба гуфтаи Абдуфаттоҳи Ғоиб кормандоне ҳастанд,ки тариқи созиш бо тоҷирон санади борҳоро сохтакорӣ карда, онро арзон вориди кишвар мекунанд ва фоидаро байни худ тақсим мекунанд.

Дар мавриди сарчашмаи мошинҳою хонаҳои гаронарзиши кормандони гумрук ба саволи хабарнигорон посух гуфта, изҳор дошт, ки ин ҳама тариқи сохтакориҳо ба даст меояд.

-Дар вақти вуруд дар санадҳо як намуди борро ба бори дигар иваз мекунанд ва ин арзиши борро кам месозанд. Аз ин ҳам тоҷир фоида мебинад ва ҳам корманди гумрук. Масалан аз Эрон қолину мебелро ҳам дар санадҳо маҳсулоти макаронӣ гуфта, ворид мекардаанд, зеро пардохтҳо барои макарон хеле кам аст ,-афзуд ӯ.

Чунин ҳолат дар додугирифт бо Чин низ ҷой дорад.Ман ба наздикӣ дар Хитой будам, ба ман ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки дар 5 моҳ ба Тоҷикистон аз Хитой ба маблағи 257 миллион доллар бор интиқол дода шудааст. Аммо аз сарҳади Тоҷикистон бор ба маблағи 132 миллион доллар гузаштааст.

Ӯ дар шарҳи “гум” шудани бор ба арзиши садҳои миллион доллар дар гумруки Тоҷикистон гуфт, аз Хитой бор бо як ҳуҷҷат меояд, аммо дар сарҳади Тоҷикистон ба хотири кам нишон додани арзиши мол ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд.

Маҳз бо ҳамин гуна  гуна сохтакориҳо баъзе аз кормандони гумрук соҳиби хонаю мошинҳои боҳашамат мешавад.Аз ин сохтакорӣ ҳам тоҷир манфиатдор асту ҳам корманди гумрук. Фоидаро байни ҳам тақсим мекунанд,- бо таассуф гуфт Абдуттоҳи Ғоиб.

Сардори Хадамот аз  боздошти сардори як дидбонгоҳи гумрукӣ ёдовар шуда,гуфт,ки ин сардори дидбонгоҳ аз биноҳои навбунёд 24 хона доштаасту аз худи ӯ қариб ду миллион доллар пули нақд дарёфт гардида,бо  қарори суд  ҳамаи ин амвол ба фоидаи давлат мусодира шудаанд.

Иззатбеки Идизод, «Тоҷикистон»

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>