Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ёдбуди Отахон Латифӣ дар факултети журналистика

$
0
0

Дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоише дар робита ба гиромидошти шодравон Отахон Латифӣ баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш Урун Куҳзод, нависандаи маъруфи тоҷик ва Абдурофеъ Рабеъзода, драматурги тоҷик ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар ин ҳамоиши ёдбуд нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод ва нависанда ва драматург Абдурофеъ Рабеъзода ширкат ва суханронӣ карда, шахсият ва ҳайсияти Отахон Латифиро ҳамчун рӯзноманигор ба донишҷӯён бозгӯ намуданд. Зикр шуд, ки зиндагинома ва осори Отахон Латифӣ аз ҳама ҷиҳат ба журналистони ҷавону оянда омӯзандаву ибратбахш аст. Ӯ дар рӯзномаҳои машҳури умумииттифоқии Шуравии собиқ "Комсомолская правда", "Правда", "Известия"фаъолият намуда, бо навиштаҳояш дар шиносонидан ва боло бурдани ному мақоми Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Дар маҳфил ёдовар шуд, ки Отахон Латифӣ ба ҳайси асосгузори мактаби навини журналистикаи тоҷик боҷасорат ва бепарда мушкилоту муаммоҳои Тоҷикистонро дар рӯзномаҳои умумииттифоқӣ масъалагузори мекард. Матлабҳои Латифӣ бо сабку услуби махсус иншо шуда, аз нигоштаҳои дигар ҳамкасбон фарқ дошт. Баргузории маҳфили гиромидошти Отахон Латифӣ ба журналистони оянда омӯзандаву судманд буд.

Отахон Латифӣ дар синнӣ 62-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби афроди ношинос кушта шуд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>