Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Дояи кӯдаккӯшро дар беморхонаи Москва бистарӣ карданд

$
0
0

Гулчеҳра Бобоқулова, дояеро ки дар куштори кӯдак дар Москва айбдор мешавад, дар беморхонаи бемориҳои руҳӣ бистарӣ карданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ёдрас мешавем, 29 феврал шоҳидон хабар доданд, ки дар назди метрои "Майдони октябр"зане сиёҳпӯш истодааст ва дар даст сари буридаи кӯдакеро дорад. Дар наворҳое, ки дар интернет нашр шуд, ин зан фарёд мекунад: "Ман демократияро бад мебинам. Ман террористам! Ман марги шумоям! Чанд модар, шумо чӣ қадар моро нобуд кардед! Бубинед, ман маргталаб ҳастам!".

Пештар аз ин сухторнишонон барои хомӯш кардани оташ дар манзиле дар кӯчаи "Народного ополчения"-и Москва омаданд ва дар манзил тани бе сари кӯдакеро пайдо карданд. Он замон маълум шуд, ки зани боздоштшуда дояи кӯдаки бе сар будааст.

Мақомоти расмии Ӯзбекистон хабар доданд, ки шаҳрванди ин кишвар Бобоқулова аз соли 2002 ба ин сӯ дар қайди беморхонаи бемориҳои руҳӣ аст.

Гулчеҳра Бобоқулова расман 4 март дар куштори кӯдаки хурдсол айбдор шуд. Пештар сарчашмаҳо хабар дода буданд, ки мумкин аст Бобоқулова тибқи чанд моддаи дигар айбдор шавад.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>