
Оилаи тоҷик бемор аст. Оилаи тоҷик бӯҳрон дорад! Оилаи тоҷик фалону бисмадон… Қариб ҳар рӯз дар ин бора мегӯянду мешунавем. Баъзеҳо ба ақидае ҳастанд, ки сабаби ноустувори оилаҳо аз байн рафтан ё коста шуани суннатҳои қадимии оиладории миллист. Дигарӣ бар он аст, ки сабаб дар нобаробарии зану мард дар оила, севумӣ аз нигоҳи моддӣ таъмин набуданро ишора мекунад, чорумӣ вайрон шудани насли ҷавонро… Аммо устод Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикситон, барандаи Ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ, сарвари як оилаи калон, шавҳари мушфиқ ва падари чор духтар дар ин маврид назари дигар доранд, ки зимни сӯҳбати мо маълум шуд…
- Устод, барои равшан шудани масъалае, ки дар зер сари он сӯҳбат мекунем, бигӯед, ки фарқияти ҷавонони давраи ҷавонии шумо аз ҷавонои имрӯза дар чист?
- Фарқияти ҷавонии ман ва ҷавонони имрӯза ниҳоят калон аст, чунки зиндаги мо аз сохти ҷомеа вобаста аст. Вақте ки мо ҷавон будем, ҷомеа, ҷомеаи сотсиалистӣ буд, иқтисоду иҷтимоиёт, муносибатҳо дигар буданд, имрӯз бошад ба куллӣ дигар аст. Аз баъзе ҷиҳатҳо ҷавонони имрӯза имконияти бешатар доранд, дар омӯхтани илм, ҷаҳоншнисонӣ, забономӯзӣ, дарёфти ҳар гуна иттилоот, китоб... Замони ҷавони мо интур набуд. Мову шумо дар остонаи Наврӯз ҳастем. Ҳатто ҷашнгирии Наврӯз он солҳо роиҷ набуд. Бубинед, тақдири баде дорад Наврӯз. Аввал онро рӯҳониёни мутаассиб, чун иди ба ислом бегона маҳкум мекарданд, замони Шӯравӣ чун ҷашни исломӣ. Аммо Наврӯз, ки аз суннати миллии мо буд ва мардуми мо ба суннатҳои миллӣ эҳтиром доранд, онро чун иди баҳор ё сари сол ҷашн мегирифтанд. Дар охирҳои Шӯравӣ барои ҷашнгирии он ва дигар суннатҳои миллӣ кӯшишҳо шуд.
-Шумо дар бораи суннатҳои миллӣ гуфтед. Воқеан мо анъанаҳои бисёр хуби миллӣ, суннтаҳо ва фарҳанги қадимӣ дорем, ки имрӯзҳо оҳиста-оҳиста коста шуда аз байн мераванд ва ин дар ҳолест, ки ҳатто солҳои Шӯравӣбисёре аз онҳо пойбарҷо буданд. Яке аз ин арзишҳо ин оилаи миллӣ аст. Гарчанде мо он қадар дастур дорем, андарз дорем, анаъана дорем аммо ҳамасола ҷудошавии оилаҳобештар мешавад. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?
-Побарҷоии оилаи Шӯравӣ ё пеш аз он дар асри 18 ва 19 аз авзои иҷтимоӣ вобаста буд. Дар ҷомеаи Шарқӣ хеҷ вақт ҳуқуқи зан бо мард баробар набуд ва 99 фоизи занҳо аз назари моддӣ ба мардҳо мутеъ буданд. Бечора худи зан наметавонист худашро таъмин кунад, бинобар ин, мустаҳкамии оилаҳо сунъӣ буд ва зан ҷабру ҷафои мардро тоқат мекард. Ин буд боиси ҷудо нашудани оилаҳо. Хуб, мо суннатҳоямонро бояд сарфи назар накунем. Мисол: ахлоқ, устувори оила, ба камол расонидани фарзандон ва ғ. Мо зиёд мехохем, ки оилаи мо хушбахт бошад, аммо ин хушбахтӣ, ин устуворӣ бояд дар баробарии зану мард сохта шавад. Бояд муқоиса кард. Мо мебинем, ки дар кишварҳои пешрафта, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ таъминанд, ҷудошавӣ бештар ба мушоҳида мерасад, чунки дар он ҷо занҳо бе шавҳар метавонанд худашонро таъмин кунанд. Имрӯз ба ҷомеаи Тоҷикистон менигарам. Духтарҳо нисбат ба ҷавонҳо пешрафтатар ҳастанд, фаъолтаранд. Онҳо ҳис мекунанд, ки бояд озод бошанд, омӯзанд. Ман борҳо дидаам, ки духтар рафта Маскав ё дигар шаҳрҳои хориҷ таҳсил мекунад, аммо ба Тоҷикистон бозгашта шавҳар намеёбад. Чаро? Чунки ҷавонписарони мо дар фикрронӣ дар андеша хеле қафо мондаанд.
-Шумо гуфтед, ки хушбахтии оилавӣдар заминаи баробарии зану мард сохта мешавад. Барои мисол биёед оилаи шуморо мегирем. Ин баробарӣдар оилаи Шумо риоя мешавад?
-Ман чор духтар дорам. Се нафарашон маъолумоти олидор, чорумаш дар синфи 11 мехонад. Зани ман, вақте мо издивоҷ кардему аз Хуҷанд ба Душанбе кӯчидем, ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуд ва факултети филологияро хатм кард. Ман ҳеҷ гоҳ монеъ нашудаам, ки ҳамсарам ва духтаронам маълумот бигиранд, кор кунанд. Вақте рафиқонамро медидам, ки мегуфтанд, духтарам мактабро таммом кардааст, ӯро бурда самбӯсапазӣ ёд диҳам ё дар ягон сех шогирд монам, ман ба ӯ мегуфтам: «Бародар, ту зиёӣ ҳастӣ, ба ҳар ҳол вазифадорӣ, мансабдорӣ, чаро ба ҷойи ташфиқ намудан, ки духтарат рафта хонад, ӯро коре ёд додан мехоҳӣ, ки дар хона нишаста иҷро кунад. Ману ту бояд барои дигарон дарси ибрат бошем.» Ман бар онам, ки духтарҳо хонанд ва қудрати маънавиашонро истифода баранд.
-Мо як чизро бояд иқрор кунем, ки дар замони истиқлол ба рӯҳониён озодии аз ҳад зиёд додем…
-Ба рӯҳониён озодии зиёд додани мо сабаб дорад. Солҳои 90 ихтилофи асосӣ дар ҷомеаи мо дар байни равшанфикрон ва рӯҳониёни мутаассиб сурат гирифт ва талафоту хунрезии зиёд шуд. Ҳукумат наметавонист, ки бо онҳо сад дар сад мубориза барад. Гузаштҳое, ки мо нисбати рӯҳониён кардем, барои сулҳ буд. Аммо давлат давлати дунявӣ аст ва бояд дар доираи қонуни давлати дунявӣ амал кард. Рӯҳониёни равшанфикр инро аллакай дарк кардаанд, аммо рӯҳонии мутаассиб бояд фаҳманд, ки ҷомеа ҷомеаи мутамаддин аст ва наметавонад дар як ҷо суқут карда истад. Бубинед, як мулло мадарасаҳои динии замонавиро хатм карда, рафта дар деҳа чун асри 10 курпачаву болишт монда, бачаҳоро дарс медиҳад. Ин дар кадом қолаб меғунҷад? Ё монеъи хондани духтар мешавад. намегузорад, ки ҳамсараш кор кунад. Аммо дар байни рӯхониён равшанфикроне ҳастанд, ки намунаи олии инсони мутамаддин ҳастанд. Мо бояд ба инҳояш такя кунем, на ба мутаассибаш.
-Ин суолро ман ба он хотир додам, ки озодии аз ҳад зиёд додани мо ба рӯҳониён боис гашт, ки таъсири онҳо дар ҷомеа нисбат ба зиёиён бештар шавад. Ва ҳамон ҷумлае ки Шумо дар охир гуфтед, намегузоранд, ки духтарон хонанд ва ё занҳо кор кунанд, боиси ҷангҷолҳои оилавӣгашта ба вайроншавии оилаҳо меорад.
-Шумо дуруст гуфтед. Мо мебинем, ҳар рӯз дар кӯча духтарҳо бо сатру ким чи хел либосҳои дигар мегарданд. Бисёре аз онҳо барои як навъ ҷудо шудан аз ҷомеа ва худнишондиҳӣ чунин либос мепӯшанд. Онҳо албатта, дарк намекунанд ки мо - мардуми тоҷик ба ин эҳтиёҷ ҳам надорему одат ҳам намекунем.
-Шояд духтарҳо сутрро барои шавҳар кардан мебандад?
-Баъзеашон ҳамин гапро мегӯянд. Ман чанд духтарро пурсидам, ки духтарҷон ин чизро дар сарат чаро бастӣ? Онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки агар озод бошем, моро намегиранд. Ин даҳшат аст. Ман барои чӣ гуфтам, ки ҷавононамон аз духтарҳо қафомондаанд? Ин таъсири замони ҷанг аст, ҷавонҳо аз мактаб дур буданд, мактабу маорифро надидаанд. Имрӯз ҳам онҳое, ки дар ҷангҳои Сурия ҳастанд, ҷавононе ҳастанд, ки аз мактабу омӯзиш берун мондаанд. Барои ҳамин бояд дар ҳама маҳалҳо муассисҳои фарҳангӣ фаъолона кор кунанд.
-Бозмегирем ба оилаи шумо. Сири муваффақияти оилаатон дар чист?
-Муҳаббат, эҳтиром ва садоқат ба хонавода. Асоси устовории оилаи ҳама ҳамин бояд бошад. Ман ҳеҷ вақт ҳуқуқи занамро поймол накардаам. Ин ҷо як нуктаро мехоҳам бигӯям. Ноустоворӣ ва вайрон шудани оилаҳо сабаби иҷтимоӣ дорад. Аксари мардум шароити зиндагӣ надоранд. Мисол, дар як ҳавлӣ ё квартира ду се оила зиндагӣ мекунанд, хона танг, мешавад ҷангу хархаша. Ҷангҷолҳои оилавӣ аслан аз майда-чайдаҳо сар мезанад. Сабаби вайрон шудани оилаҳо ба таъминоти моддӣ сахт вобастагӣ дорад. Бисёриҳо духтарашонро намемонанд хонад. Ӯро ба шавҳар медиҳанд, шавҳараш нонёб не, оилаашро таъмин карда наметавонад ва дастнигари падару модар аст. Ана бо ҳамин сабаб сар мезанад низои оилавӣ. Духтари калони ман судя аст, қозӣ аст ва ҳар рӯз бо даҳҳо низоъи оилавӣ, ки ҳал нашудасту то суд омадааст рӯ ба рӯ мешавад. Аз оне ки духтарам мегӯя, ман хулоса кардам, ки сабаби 99 дар сади вайроншавии оилаҳо дар таъминоти иҷтимоист.
-Шумо падари чор духтар. Миёни мардуми мо ду ақида аст: Падар чанд духтаре тарбия кунад, ҳамон қадар дарҳои ҷаннат ба рӯяш боз аст. Ақидаи дигар мухолиф ба ин аст, яънеҳар қадар зиёд духтар дошта бошӣ, ҳамон қадар ҷазои худоро дар сар дорӣ. Барои Шумо чӣтур аст?
- Он чизе, ки шумо гуфтед, як ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба ёдам овард. Расули Акрам мегӯянд, ҳар касе, ки се духтар дорад, дар хонаи вай раҳмати Худо меборад ва бисёр таъриф мекунанд. Дар охир мегӯянд, ки ай мусулмонон ба он мусалмоне, ки чор духтар дорад, дасти ёрӣ дароз кунед. Ин албатта ба вазъи ҳамон замон гуфта шудааст. Дар гузашта тарбияи духтар, ба шавҳар додани ӯ душвор буд, мисли ҳозир. Замонҳои пеш падару модар, агар духтар медоштанд, ӯро ба шавҳар медоданд ва бо ҳамин тамом, вай моли дигар кас шуду дар пирӣ бепарастдор мемонданд. Ҳоло ҳам дар баъзе аз ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамин тур аст.
-Ё ба шеваи мардум духтар моли дигар кас.
-Ҳа, аммо дар қисматҳои пешрфата ин тавр нест. Мисол дар Хуҷанд, ҳатто дар тасаввури мардум нест, ки духтар шавҳар кунаду хонаи падар наояд. Масалан ман писар надорам, аммо то ҳол инро ҳис накардаам. Дар ягон коре дасткӯтаҳӣ надошатам, ки афсӯс хурда бошам, ки кош писар медоштаму мекард. Домодҳои ман бачаҳои хубанд. Духтарҳои ман ҳар коре, ки барои ман писар мекард, мекунанд.
- Дар оилаи шумо кору бори хонаро кӣмекунад?
- Ман, ки ба навиштан машѓулам, ин корҳоро занам мекунад
- Умуман дар хона ягон кор мекунед?
-Дар хона… дар хона… Ба ман коре намефармоянд, ки ман кунам. Кори ман дар сари мизам аст. Инро бояд ман иқрор кунам… ман аз корҳои хоҷагӣ, хонаводагӣ ба ростӣ озодам. Ин корҳоро ҳамсари ман ба хуби сомон медиҳад.
-Ба наздикӣ 8 март. Шумо дар ҳалқаи панҷхонумед, бароятон душвор будагист?
-На, ман маъмулан дар 8 март ба модарашон тӯҳфа меорам. Одатан гул. Ба духтарҳоям шавҳарашон гул биёрад.
-Саломат бошед!
Мусоҳиб Одили Нозир