
Раҳбари театри Маяковский гуфтааст, бинои ин театр, ки дар маркази шаҳри Душанбе, дар қарибиҳои кохи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад, вайрон мешавад. Ба гуфтаи ӯ дар ҷои театри мазкур хиёбони замонавӣ бунёд мекунанд.
Намояндагони ҳукумат ба масъули тетр дастур додаанд, ки аз таъмири бино худдорӣ кунанд, зеро ин бино дар рӯзҳои наздки вайрон мешавад.Мунира Дадаева, роҳбари театри Маяковский мегӯяд, “мутаассифона ин рӯз билохира фаро мерасад. Чанд рӯз пеш мо хостем, беруни биноро таъмир кунему гул шинонем, ҳама дар берун будем. Намояндагони ҳукумат омада гуфтанд, ин кори беҳуда аст, зеро биноро чаппа мекунанд."
Хабари тасмимгирӣ барои тахриби бинои Театри Маякойский дар ҳолест, ки қаблан тасмими ҳукумат барои тахриби биноиҳои Театри Лоҳутӣ, кохи раёсатҷумҳурӣ ва парлумон сарсу садои зиёде ба вуҷуд овард. Баъдан ҳукумат эълон кард, ки тасмими тахриби биноҳои номбурда дар дастури кор нест.