
Мушаррафа Қосимова-ин ном ва ин чеҳра ба ҳама хурду калони Тоҷикистон ошност. Вақте модар мегӯем, беихтиёр ҳамин симои нуронӣ ва пурмеҳр пеши назар меояд, зеро нақши модарро дар саҳнаи тоҷик умре маҳз ҳамин зани саропо ҳунар офаридааст. Мушаррафа Қосимова имрӯз ба синни мубораки 98 қадам гузошта, одами табаррук маҳсуб меёбад, аз ҳамин хотир дар арафаи иди бонувон, рӯзи модар-8 март мо роҳ ҷониби хонааш пеш гирифтем.
-Қаблаз ҳама ба Шумо салому дуруди бепоёни мухлисони ҳафтаномаи “Оила”-ро расонида, Шуморо ба иди бонувон ва Рӯзи модар сидқан муборакбод мегӯем!
-Раҳмат. Ман аз шумо ва хонандагони ҳафтаномаи “Оила” миннатдорам, ки маро фаромӯш накарда ба суроғам омадед.
-Умедворам, ки суҳбати мо шуморо азият намедиҳад...
-Албатта дар пирӣ дигар он шӯру шари ҷавонӣ нест, қуввату мадори кас меравад, вале бо вуҷуди ин, ман Худоро шукр мегӯям, ки умри дарози бобаракат дида, қариб ба 100 расидам. Гӯшам намешунавад, чашмонам хира гаштаанд, бо вуҷуди ин, бо шумо барин ҷавонҳо суҳбат кунам, қуввату нерӯ мегирам.
-Шумо ва ҳамсаратон Муҳаммадҷон Қосимов ду шоҳсутуни санъати тоҷик ҳастед. Мехостем қиссаи хонадоршавиатонро ба хонандагони “Оила” нақл кунед.
-Вақти ба Муҳаммадҷон ба шавҳар баромадан ман аллакай модари ду фарзанд будам. Шавҳари якумам ба ҷанг рафта бе ному нишон гашт. Вай ҳам ҳунарманд буд. Онҳо бо Муҳаммадҷон дӯсти наздик буданд, аз ҳамин хотир Муҳаммадҷон баъди ба фронт рафтани шавҳарам ба ману фарзандонам ёрӣ мерасонд. Сабаби ба Муҳаммадҷон ба шавҳар баромадани ман бачаҳоям гаштанд, байни мо чизе набуд, вале аз Қосимов меҳрубонии падарона дида, фарзандонам ӯро ҳамчун падар қабул карданд. Муҳаммадҷон ҳам аз оилааш ҷудо шуда буд. Ба хотири бачаҳо мо риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар пайвастем.
-МуҳаммадҷонҚосимовдарзиндагӣ чӣгунамардбуданд? Дар корҳои рӯзгор ба шумо ёрӣ мерасонданд?
-Бисёр марди меҳнатӣ ва меҳмондӯст буданд. Ман дар хотир надорам, ки ягон асбоби аз кор мондаро ба усто дода бошем. Ҳама корҳои устогӣ аз дасти худашон меомад. Одам не, ҷони одам буд шавҳарам.
-Шумо ва шавҳаратонҳарду ҳунарманд ва аз субҳ то шом серташвиш, фарзандони хурдсолатонро кӣ нигоҳубин мекард? Ёрдамчӣ доштед?
-Ёрдамчӣ аз куҷо?! Худам ҳама корро мекардам. Шавҳарам ба ман ёрӣ мерасонданд.
-Дар Иди Модар барои шуморо хурсанд кардан хӯрок мепухтанд?
-Фақат дар рӯзи ид не, тез-тез хӯрок пухта моро зиёфат медоданд. Бисёр дасти бомаза доштанд, чунон таомҳое мепухтанд, ки лаззаташ як умр аз даҳони кас намерафт.
-Ба сафарҳои ҳунарӣ равед, бачаҳоятонро ба кӣ мегузоштед?
-Ба падарашон. Баъзан чунин мешуд, ки якуним, ду моҳ шаҳр ба шаҳр мегаштем, шавҳарам худашон то баргаштанам бачаҳоро саришта мекарданд. Хӯрок мепухтанд, либосҳояшонро мешустанд, ба мактаб мебурданд...
-Ягон бор аз шавҳаратон шатта хӯрдаед?
-Муҳаммадҷон ба маънои томаш мард буданд ва ба сари зан мушт бардоштанро ба худ ор медонистанд. Ягон бор ба ман фишори равонию ҷисмонӣ наовардаанд, вале сиёсат доштанд. Бачаҳо ягон гуноҳ кунанд, аз ним нигоҳашон мефаҳмиданд, ки рафторашон ба падарашон писанд наомадааст, дарҳол бахшиш пурсида, хатояшонро ислоҳ мекарданд.
-Келину домодҳоятонро кӣ интихоб кардааст?
-Вақте Муҳаммадҷон аз дунё гузаштанд, мо нав ду фарзандамонро хонадор карда будам. Чор фарзанди дигарро худам танҳо ба воя расонида, хонадор кардам. Писари калониам як духтари русро дӯст дошта оиладор шуд, Фарруху Сабоҳат ҳамкурс буданду якдигарро писандида тӯй шуданд. Писари сеюми Хуррам бошад, як зебосанами юнониро дӯст дошт. Хулоса, ҳамаашон бо хоҳиш ва интихоби худашон хонадор шуданд. Ман ягон фарзандамро маҷбур накардаам, ки ту бо ин ё он кас хонадор мешавӣ.
-Дар оилаи фарзандонатон ягон нофаҳмӣ шавад, шумо тарафи киро мегиред?
-Медонед, нақши модар дар пароканда шудан ё пойдор мондани оилаи фарзандон бисёр бузург аст. Ман инро аз таҷрибаи зиндагии худамон мегӯям. Боре як писарам бо занаш сахт ҷанҷол шуда, ба хулоса омад, ки аз ҳамсараш ҷудо мешавад. Писарамро дар ҷояш шинонда гуфтам: “Дониста мон, агар аз занат ҷудо шавӣ, ман келину набераамро соҳибӣ мекунаму туро дигар ба ин хона роҳ намедиҳам!” Шукр, бо ҳамин тинҷ шуда рафтанд. Ҳоло соҳиби 7 фарзанду 20 набера ҳастанд.
-Доғи фарзанд бисёр ҷигарсӯз аст. Шумо, ки 4 фарзандатонро ба хок супурдаед, чӣ гуна ин ғамро таҳаммул мекунед?
-Ин ҳама қисмати азалист, Худованд ҳар чи насибамон гардонида бошад, онро нодида илоҷ надорем. Писари калониам аз беморӣ ранҷ мекашид, вале писари дуюмам сипа сиҳат якбора афтиду ҷон дод. Ду фарзанди дигарамро низ ба хок супоридаам. Марги фарзандон қомати маро шикаст, вале боз шукри набераҳоямро мекунам, то ғазаби Худо наояд.
-Набераҳоятон бо шумо зиндагӣ мекунанд?
-Набераҳои ман чун донаҳои марворид дар тамоми гӯшаю канори дунё парешонанд. Яке дар Франсия, дигарӣ дар Америка, писари хурдиам Хуррамҷон дар яке аз театрҳои Русия кор мекунад.
-Шуморо кӣ парасторӣ мекунад?
-Духтарам Сулҳия дар нафақа буда ба нигоҳубини ман машғул аст. Зиёда аз чор моҳ дар бистари беморӣ хобидам. Шукр, бо кӯмаки духтарам роҳгардон шудам. Ҳоло бо асо дар рӯйи хона гашту гузор мекунам.
-Мебинам, ки дар ду паҳлуишумокитобугазетаҳои бисёре хобидаанд, то ҳол мехонед?
-Пир шуда бошам ҳам, рӯзномаҳои давриро варақ мезанам, то ки аз зиндагӣ, аз ҳаёт қафо намонам.
-Кадом газетаҳоро мехонед?
-“Аргументы и факты”, “Оила”, “Комсомольская правда”...
-Ба аёдататон киҳомеоянд? Манзурамоншахсони шинохтаиҷумҳурӣ аст...
Дар ин ҷо духтари Мушаррафа Қосимова ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт:
-Ба наздикӣ ману модарам танҳо нишаста будем, ки як марди зебои оромтабиат аз дарамон даромад. Ман он касро нашинохта бошам ҳам, аз рӯйи одоби тоҷикона “марҳамат” гӯён ба хона даровардам. Меҳмон бо модарам суҳбат мекарду ман ба чеҳрааш зеҳн монда, фикр мекардам, ки пештар ин касро дар куҷо дидаам. Баногоҳ ба ёдам расид, ки ман ин мардро дар кушодашавии театр дида будам ва меҳмони мо вазири фарҳанг Орумбекзода аст.
Мушаррафа Қосимова:
-Бисёр хурсанд шудам, ки вазир ба серкориаш нигоҳ накарда ба аёдати ман омадааст. Баъзан намояндагони театрҳо, шогирдонам меомаданд, вале интизор набудам, ки вазир ҳама кору борашро партофта маро хабаргирӣ меояд.
-Орзуе доред, ки амалӣ гаштанашро бесаброна интизорӣ мекашида бошед?
-Дорам. Мехоҳам ҳарчи тезтар сохтмони театр ба охир расад. Мехоҳам як музеи хурдакаки Муҳаммадҷон ва Фаррухҷон Қосимовҳоро таъсис диҳам ва ҳамаи он чизҳоеро, ки дар хона ҳамчун хотираи неки шавҳар ва писари ҳунармандам нигоҳ медорам, ба ҳамон музей супорам, аз қабили китоб, сурат, ҳуҷҷатҳои таърихӣ...
-Ба насли ҷавон чӣ панд медиҳед?
-Пеш аз ҳама ҷавонон худашонро ҳурмат кунанд ва дӯст доранд. Инсон, агар худашро ҳурмат кунаду дӯст дорад, кӯшиш мекунад, ки ҳамеша пешсаф бошад ва албатта нафъаш ба ҷомеа мерасад. Ман ҳамчун як зане, ки каме ҳам бошад, саҳми хешро дар рушди фарҳанги миллат гузоштааст, ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки забон омӯзанд, чунки дар ин замона кас, агар забон надонад, ба ҷое расида наметавонад. Забономӯзӣ дар ҷавонӣ ба осонӣ ба кас даст медиҳад, вале дар калонсолӣ душвор аст. Ҷавонон кӯшиш намоянд, ки дӯсти наздики падару модарҳояшон бошанд, чунки дӯсти асил ҳеҷ гоҳ дӯсташро танҳо намегузорад ва хору зор шудан намемонад.
-Таманниёти шумо ба хонандагони ҳафтанома “Оила”?
-Ҳамаи дӯстон, ҳамватанонро ба идҳои дар пеш истода табрик мекунам ва дуо мекунам, ки ман барин пири бадавлат шаванд. Ба келинакҳои азизам, ба духтаракони ширинам, ба модароне, ки ман барин азобу уқубатҳои зиёдеро паси сар намуда, то имрӯз дар ҳаёт ҳастанд, иди 8-уми мартро табрик мегӯям. Бигзор то соли оянда зиндаву саломат бошанд.
Маҳинаи Давлат