Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Беш аз 50 ҳазор низомӣ ва 950 техникаи ҳарбӣ ба “амалиёт” омодаанд

$
0
0

 

Размоишҳои муштараки Тоҷикистону Русия бо ҳузури беш аз 50 ҳазор афсару сарбоз ва 950 текникаи ҳарбӣ баргузор мешавад.

 

Аз 15 то 20 марти соли равон, дар панҷ тамрингоҳи низомии Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Хатлон,  размоишҳои муштараки неруҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия бо ҷалби беш аз 50 ҳазор афсару сарбоз, 950 техникаи  зиреҳпӯшу артиллерия, 32 ҳавопаймо ва чархболи низомӣ сурат мегирад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Барои аввалин бор дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар баргузории тамринот ба ҷуз афсарону сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон, инчунин  нерӯҳои иловагӣ ва воситаҳои Округи  низомии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ФР низ иштирок мекунанд",- омадааст дар гузориши расмии ВМ ҶТ.

Манбаъ меафзояд, шурӯъ аз 9 март марҳилаи омодагӣ ба размоиш дар тамрингоҳҳои "Лоҳур", "Сумбула", "Момирак", "Ҳарбмайдон"ва "Ҳалқаёр"оғоз гардиданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки машқу тамриноти низомӣ бо ширкати беш аз 50 ҳазор хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомиии Русия баргузор мешавад.
 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>