
11 март рӯзи матбуоти тоҷик аст. Мо одат кардаем, ки дар ин рӯз аз бурду бохти яксолаи матбуот ҳарф бизанем. Бо ин мақсад хабарнигори «Тоҷикистон» ба чанд насли журналистикаи тоҷик бо суоли «Нигоҳи Шумо ба вазъи кунунии матбуоти тоҷик чӣгуна аст?» муроҷиат кард, ки дар зер фишурдаи назарҳоро пешкаши шумо мегардонем.
Нур Табаров,собиқ сармуҳаррири «Ҷумҳурият»
-Ман, албатта, наметавонам ҳамаи нашрияҳоро мутолиа кунам, барои ҳамин баҳогузорӣ карданам мушкил аст. Аммо аз он нашрияҳое, ки пайваста мехонам, эҳсос мешавад, ки принсипҳои касбӣ дар матбуотӣ мо ба назар гирифта мешавад, одоби касбӣ ҳам риоя мегарадад. Эҳтиром ба ҳамдигар, ба Ватан, ба миллат ба назар мерасад ва ин чизҳо бисёр муҳиманд. Матбуоти тоҷик ҳамеша дар хизмати миллату халқу давлат буд ва ҳаст.
Ҷовид Муқим, профессор
-Матбуоти имрӯзаи моро, чи давлатӣ ва чи хусусиро, наметавон озод ва мустақил гуфт, зеро худсензура рӯз аз рӯз мефзояд. Ин аз чӣ маншаъ мегирад? Якум, худи журналист медонад, ки агар дар бораи фалон мавзӯъ ё фалон мансабдор нависад, маводи ӯ чоп намешавад. Дуввум, муҳаррир, ношир ва худи муассис маводи журналистро аз нигоҳи худ таҳрир мекунад. Яъне, агар навиштаи журналист ба манфиатҳои муҳаррир, муассис ва ношир мувофиқ бошад, баъдан рӯйи чопро мебинад. Аслан матбуоти хусусии мо бизнес аст ва ноширон ҳеҷ вақт намехоҳанд, ки ба бизнесашон ихлол шавад ва кӯшиш мекунанд, ки зери доираи ҳукуматдорон бирақсанд. Худи муассис ва сармуҳаррир мебинад, медонад, ки дар ҷумҳурӣ чӣ камбуд аст чӣ норасоӣ аст ва дар он чӣ гузашта истодааст, аммо наменависад ва агар маводе дар ин мавзӯъ пайдо шавад онро нашр намекунад, яъне худсонсурӣ ба ҳадди ифрот расидааст ва ба муҳтавои нашрияҳо таъсири манфӣ расонидааст. Дигар ин, ки газетаҳо махсусияти худро аз даст дода истодаанд. Имрӯз агар як газетаи чи хусусӣ чи давлатиро хонед, фикр мекунед ки газетаи дигарро ҳам хондаед, яъне маводҳо якранг ва баҳодиҳӣ яктарафа. Матбуоти мо дар муқоиса ба панҷ сол пеш аз ҷиҳати муҳтаво «камбағал» шудааст. Имрӯз дигар мардум кар нест, кӯр нест, гӯл нест, аммо дар матбуот он чизеро, ки ниёз дорад, намеёбад, ана дар ин ҷост сирри бехонанда шудани матбуот.
Суҳроби Зиё, журналист
- Вазъи матбуоти тоҷик нисбат ба соли гузашта беҳтар нашудааст. Даргузашти нобаҳангоми Акбари Саттор, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон зарбаи сахте ба пайкари матбуоти миллии мо буд. Агар умр вафо мекард, Акбар барои рушди расонаҳои миллии мо хидматҳои бузурге мекард.
Воқеъияти талхи дигар ин аст, ки дар як соли ахир чопи чанд нашрияи ғайридавлатӣ, мисли «Имрӯз Нюс», «Вечерний Душанбе» ва «Ману Ту» ба далелҳои гуногун мутаваққиф шуд. Сабаби чунин вазъ, пеш аз ҳама, рукуди иқтисодии Русия ва коҳиши ҳаҷми пуле аст, ки муҳоҷирони тоҷик ҳар сол ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон мефиристанд.
Ба болои ҳамаи ин, ҳаводиси моҳи сентябри соли гузашта ва паёмадҳои он, фазои сиёсии Тоҷикистонро якранг кард. Нашрияҳои мустақил акнун аз чопи матолиб дар бораи аҳзобу созмонҳои мухолифи давлат худдорӣ мекунанд. Расонаҳои давлатӣ ҳам дигар ҳавсалаи чандоне барои чопи гузоришу матлабҳои интиқодӣ алайҳи раҳбарони ин аҳзобу созмонҳо надоранд. Ҳамаи ин нишонаҳо аз он далолат мекунанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло ба як буҳрони иттилоотӣ рӯбарӯст. Раҳоӣ аз ин буҳрон вазифаи масъулони арсаи идеологии кишвар аст. Зеро нашрияҳои мустақил ва хусусӣ ба танҳоӣ қодир ба ҳалли ин мушкилот нестанд.
Абдуазими Абдуваҳҳоб, муҳаррири хабаргузории TojNews
-Матбуоти имрӯзаи тоҷик хонанда надорад. Нашрияҳои ҳукуматиро маҷбурӣ обуна мекунанд, нашриҳои хусусӣ бештар аз 3- 4 хонанда надоранд. Хонанда надоштан худ бозгӯйи вазъи матбуот аст.
Ёқуби Саид, журналист
-Матбуот, дар маҷмӯъ, расонаҳои Тоҷикистон дар ҳоли суқутанд. Ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати эҷодӣ. Зеро рӯзноманигорон дар худсонсурӣ нишастаанд. Матлабе ки ба нависандааш писанд нест, кай ба дарди хонанда мехӯрад? Ҳамин аҳвол матбуоти моро ба суқут мувоҷеҳ кардааст. Решаи ин суқут аз худсонсурӣ об мехӯрад. Ҷасорат ва маҳорати рӯзноманигорони мо маҳв шудаст. Ба хотири тарс, тамаллуқ, манфиат, ғараз... Лак андар лак мавзуҳое ҳастанд, далелҳое ҳастанд, оморҳое ҳастанд, ки мо мебинему нодида мегирем, мешунавему ношунида меангорем. Аз беҷасоратӣ ва тамаллуқгӯии матбуот дар маҷмуъ ҷомеа ранҷ мекашад. Гумон намекунам, ки мо битавонем дар як солу ду соли наздик матбуотро ҳадди аққал ба сатҳи соли 2010 бирасонем. Он замон хеле озодтар ва ҷасуртар будем.
Иршод Сулаймонӣ,муҳаққиқ
-Матбуоти мо соли дувум аст, ки буҳронитарин даврони мавҷудияти худро пушти сар мекунад. Теъдоди нашри бисёр кам дорад, хонанда ҳам бисёр кам аст. Ин ҷо чанд омил вуҷуд дорад:
1. Вазъи нохуби иқтисодии кишвар, ки имкон намедиҳад мардум рӯзнома бихаранд;
2. Фазои номусоид барои рушди озодии баён, ки боиси аз назари матбуот ва рӯзноманигорон дур мондани мавзӯъоти ҷиддӣ ва ҳаводиси бисёр муҳими кишвар мегардад.
Бибинед, ҳафтаномаҳое, ки дар собиқ серхонанда буданд, ҳоло бисёр хонандаи кам доранд. Вазъ агар ба ҳамин минвол давом кунад, хеле аз матбуоти мустақили мо саҳнаро тарк мекунанд.
Вазъи феълӣ ба як бознигарӣ дар сатҳи давлатӣ ниёз дорад ва матбуоти мустақил ҳамчун шарикони ҷиддӣ ва хуби ҳукумат дар мудирияти давлат ба дастгирии молӣ ва имконоти эҷодӣ ниёз доранд.
Санҷар Ҳошимӣ,муҳаррири сомонаи «Faraj.tj»
-Боиси нигаронӣ аст, ки имрӯз матбуоти тоҷик, дар вазъи баде қарор дорад. Аз як тараф буҳрони иқтисодӣ вазъи матбуотро бад кард ва норасоии молӣ боис гардид, ки баъзе рӯзномаву расонаҳо як муддат аз фаъолият бозмонданд. Аён аст, ки вақте журналист маоши хуб намегирад, роҳи дигареро барои дарёфти маблағ меҷӯяд ва ин боиси он мегардад, ки нисбат ба фаъолияташ хунукназарона рафтор кунад. Аз тарафи дигар, пойи матбуоти имрӯза дар интихоби мавзӯъ мелангад. Дар бораи матбуоти ғайримустақил хубаш чизе нагӯем, чун дар он аҳёнан маводи ҷолиберо метавон пайдо кард. Вале, мутаассифона, матбуоти мустақил низ кам-кам қолабӣ шудан дорад. Ҳоло бо маводҳои таҳлилии журналистӣ камёфтанд. Ва аксари нашрияҳо мехоҳанд маводҳоеро чоп кунанд, ки дар он ҳатман яке аз чеҳраҳои сиёсӣ бошад. Гӯё хонанда танҳо ба сиёсат шавқманд ҳасту халос. Ҳол он ки хонанда ҳам безор шудааст аз хондани чунин маводҳо ва мехоҳад маводи хуби журналистиеро чи иҷтимоию иқтисодӣ ва ё фарҳанги мутолиа намояд, аммо аз сабаби камёфт будани чунин маводҳо аз рӯзномахонӣ ҳам даст мекашад.
Пурсишро омода намуд: Одили Нозир