
900 масҷиди ғайрирасмӣ ба марказҳои фарҳангӣ табдил дода шуд ва 638 масҷиди дигар ҳоло ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Додситони кулли Тоҷикистон ин нуктаро эълом карда ва гуфтааст, ки яке аз ҷойҳои паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ маҷсидҳои ғайрирасмӣ ва ғайриқонуни будааст.
Ин ниҳод бар асоси натиҷаи гузориши Кумита оид ба корҳои дин, танзими наъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ иттилоъ медиҳад, ки дар қатори 3 ҳазору 937 масҷиди расмӣ, 1565 масҷиди ғайрирасмӣ фаъолият доштаанд, ки онҳо пурра ба муассисаҳои фарҳангӣ- фароғатӣ табдил дода шудаанд: “Дар асл санҷишҳои мо муайян намуд, ки танҳо 927 масҷиди ғайрирасмӣ ба марказҳои фарҳангӣ табдил дода шуда, 638 адади боқимонда бар хилофи талаботи қонун фаъолияти худро идома дода истодаанд”.
Додситони кулли Тоҷикистон дар иртибот ба ин ба раиси Кумитаи дин, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ санад ҳуқуқӣ ирсол кард: “Солҳои охир назорати иҷрои қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ пурзӯр карда шуда бошад ҳам, бино бар ба таври дахлдор фаъолият накардани мақомоти салоҳиятдори соҳа, қонунвайронкуниҳо дар ин самт ба таври воқеӣ бартараф карда нашуда, хусусияти такроршавандаро касб намудаанд”.
Ин ниҳоди ҳуқуқи эътироф мекунад, ки “рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҳодисаҳои рӯзҳои 3-4 сентябр муайян намуд, ки яке аз манбаҳои паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҷойи нишасту вохӯриҳои пинҳонии гуруҳҳои ифротӣ масҷидҳои ғайрирасмӣ мебошад”.