Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

"Сад духтар, сад мушкил, сад роҳи ҳал"! Оё дар кишвар мо ҳам чунин аст?

$
0
0

Як гуруҳ духтарони Афғонистон барои ташвиқи китобхонӣ ҳамоишиеро таҳти унвони "Сад духтар, сад мушкил, сад роҳи ҳал"дар сари роҳҳои пуродами шаҳри Кобул баргузор кардаанд.

Дастандаророни ин ҳамоиш мегӯянд, ки ҳадаф аз созмондодани ҳамоиши китобхонӣ ташвиқи мардум ба китобхонӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба мушкилоти ҷомеа мебошад. 

Хотима Коргар, раҳбари ин гуруҳ мегӯяд, ҳадаф аз ташкили ҳамоиши китобхонӣ ташвиқи фарҳанги китобхонӣ аст, ки дар ҷоме ба он таваҷҷӯҳ намешавад. Ӯ гуфт: "Мо хостем ба тамоми касоне, ки аз ин ҷо убуру мурур мекунанд, барояшон зеҳният бидиҳем то аз аъзои хонаводаи худ савол кунанд, ки китоб ҳам мехонанд ё на?"

Ҷалби гуруҳи саднафараи духтарон ба ин маънӣ будааст, ки аз  ин тариқ мушкилоти духтарон дар ҷомеа бозгӯ шавад, зеро писарон барои ҳаллли мушкил дасти боздошта, духтарон дар ҳали мушкил оҷиз мебошанд. Раҳбари ин гуруҳи саднафара Хотима Коргар ба ин нукта ишора мекунад.

Ин иқдом дар Афғонистони ҷангзада шигифтангез аст. Чаро ки дар ин кишвари ҷангзада мардум чандон зиёд ба китобхонӣ таваҷҷуҳ надорад ва гирифтори бадбахтиҳоест, ки ҷанг барои мардум "ҳадя"медиҳад.

Ин иқдом қобили таваҷҷуҳ ва дастгирист. Зеро дар кишвари мо ҳам мардум, ба вижа ҷавонон ба китобхонӣ чандон шавқ надоранд. Борҳо мақолот ва изҳори назари коршиносон дар ин маврид нашр шуд, вале ҳанӯз ин мушкил дар ҷомеа боқӣ мондааст. Шояд роҳе пайдо бишавад то мардум, ба вижа ҷавонони тоҷик ҳам ба фарҳанги китобхонӣ ташвиқ бишаванд.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>