27-28 феврали соли равон дар шаҳри Прагаи Чехия мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба ҷудо доир гашт, ки дар он 260 паҳлавон аз 52 кишвари олам иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи литсензиявӣ ҷудочиёни номӣ Комроншоҳи Устопириён, Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов муаррифӣ намуда, мутаассифона, ба нокомӣ дучор шуданд.
Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кг набарди аввалинашро бо ҷудочии маҷор Милан Коллер бо пирӯзӣ анҷом дод, вале дар набарди дигар ба ҷудочии муғул Дагвасурен Нямсурен бой дода, аз идомаи мусобиқа маҳрум гашт.
Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) низ дар набарди дуюм аз ҳарифони худ шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд. Саиҷалол Саидов (то 100 кг) дар зӯрозмоӣ бо Ҷулиано Лопорчио (Италия) комёб нашуд.
Аммо бохтҳои ҷудочиёни тоҷик ба имтиёзҳои олимпӣ гирифтани онҳо монеъ нашуд. Тибқи маълумоти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ Комроншоҳи Устопириён дар вазни худ 1018 гирифта,дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойи 13-умро ишғол кардааст. Имконоти ба сафи иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 ворид шудани Саидҷалол Саидов (356 имтиёз, мавқеи 42-ум) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (329 хол, ҷойи 49-ум) ҳанӯз вуҷуд дорад. Фарҳод Раҳимов бо 93 хол 109-ум мебошад.
Ёдрас мешавем, ки интихоби квалификатсионӣ ба Бозиҳои олимпии Бразилия то 30 майи соли 2016 идома дорад. Дар Рио-де-Жанейро 386 ҷудочӣ дар асоси квалификатсияи бевосита муайян карда мешавад ((22 мард ва 14 зан дар ҳар яки 7категорияи вазнӣ). 100 ҷудочӣ дар заминаи квалификатсияи қоравӣ муайян карда мешавад (квотаи квалификатсияи қораи Осиё 12 ҷой барои мардон ва 8 ҷой барои занон муайян карда шудааст). Бар замми ин, 20 ҷудочии дигар даъватномаҳои махсус мегиранд. Номзадҳо барои даъватномаҳо бо дархости кумитаҳои миллии олимпӣ ба ҳар як вазн 1 нафарӣ пешниҳод карда мешавад.