Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Марде дар Ҳинд падар ва модарашро сар буридааст

$
0
0

Дар наздикиҳои шаҳри Мумбайи Ҳинд марде бо зарби кордча 14 узви хонавода, аз ҷумла падар ва модарашро куштааст.

Ин мард, аввал бо зарби кордча аъзои хонаводааш, аз ҷумла 7 кӯдакро ба қатл расонида, баъд сари падар ва модарашро буридааст. Пулиси маҳаллӣ ба рӯзномаи "Гардиан"иттилоъ додааст, ки ин мард баъди буридани сари падар ва модараш худро  ба дор кашидааст.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ аз аъзои ин хонавода танҳо хоҳари 21-солааш баъди расидани полис аз дасти қотил ҷон ба саломат бурда ва ҳоло дар бемористон аст. Полис вазъи сиҳатии хоҳари мақтулро бад муаррифӣ карда ва мегӯяд, ҳанӯз ин духтари 21-сола дар руҳияе нест, ки ҷузъиёти ҳодисаро дақиқ тавзеҳ диҳад.

Ангезаи қатли аъзои хонаводааш аз ҷониби ин мард ҳанӯз мушаххас нест. Ин мард коргари як ширкати хусусӣ дар Мумбай буда ва ҳеч мушкили молӣ надоштааст.

 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>