Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Баъди 15 сол: аввалин ҳамоиши шеъри Гулрухсор дар Театри Лоҳутӣ

$
0
0

Дар Душанбе маҳфили шеъри Гулрухсор Сафиева, шоираи саршиноси Тоҷикистон баргузор мешавад. 
 

Маҳфили шеъри Гулрухсор бо дастандаркории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи масъулин ин ҳамоиш, маҳфили шеъри Гурухсор дар доираи баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз сурат мегирад.

Ин ҳамоиши шеърӣ рӯзи 7 март соати 14:00 баргузор мешавад.

Гурлухсори Сафӣ аз боризтарин чеҳраҳои адабӣ ва сиёсӣ дар солҳои 90-уми қарни гузашта аст. Ӯ дарбаробари фоҷеаи баҳманмоҳи хунин сукут накард ва дар баробари мақомоти он давр садои 

эътирозӣ баён кард. Баъд низ ӯ, дар ҳамон мавқеъе, ки дошт боқӣ монд ва мавқеъ иваз накард. Гулрухсор Сафӣ баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар ҳиҷрат кард.
Ҳоло ӯ раиси Фарҳангистони байналмилалии Шеъри ҷаҳон аст. Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар бахши адабиёт мебошад.

Ҳамойиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз 19 то 24 марти соли 2016 бо ҳузури шоирони тавонои форсизабони ҷаҳон давом мекунад. Баргузории чунин як ҳамоишро 19 марти соли сипаришуда Гулрухсор Сафиева дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён пешниҳод карда буд. 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles