Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Давлат Давронов устоди факултаи журналистика даргузашт

$
0
0

Давлат Давронов, рӯзноманигор ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз олам даргузашт.

Давлат Давронов дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шогирдон дарс мегуфт. Ӯ дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика буд. Чан соли ахир ӯ аз бемории фишорбаландӣ ранҷ мекашид ва аз донишгоҳ ба рухсатӣ баромада буд.

Устодон ва шогирдони факултаи журналистика аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Зафар Эшматов яке аз ҳамкорони Давлат Давронов дар факултети мазкур изҳор дошт, ки "Замоне Устод Давронов ба мо дарс гуфтанд ва як муддат дар як кафедра ҳамкор будем. Аҷаб инсони хубе буданд, ҳалол кор кардану ҳалол хурдан шиорашон буд. Ҳарчанд солҳои охир бознишаста шуда буданд, аммо ба матбуоти даври мақола менавиштанд. Фишори хун дар хотимаи умрашон азият медод, ки ахиран корашро кард".

Ӯ аз худ чандин китобҳо, аз ҷумла очерку сафардидаҳо ва ҳамчунин чанд китоби таълимӣ барои донишҷӯёни факултаи журналистика ба мерос гузоштааст. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>