Марҳилаи пешакии мусобиқа барои ёфтани роҳхат барои финали Ҷоми ФФТ-2016 дар минтақаи Хатлон дар арафаи анҷомёбист. Ин пас аз баргузории бозиҳои нимфиналӣ байни дастаҳои «Саройкамар» (Панҷ) - «Коммуна» (Фархор) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Кӯлоб» (Кӯлоб) маълум шуд.
Вохӯриҳои мазкур 24 феврал баргузор гардида, бо пирӯзии «Саройкамар» ва «Вахш» ба анҷом расид. Футбоолбозони Панҷ фақат пас аз иҷрои муваффақи силсилазарбаҳои 11-метра фархориҳоро бо ҳисоби 4:2 шикаст доданд (ду қисми асосӣ ва иловагӣ бо ҳисоби 0:0 ғолибро муайян карда натвонист).
Дастаи пуртаҷрибаи «Вахш» дастаи навташкили «Кӯлоб»-ро бо ҳисоби камтарини 1:0 (муаллифи гол Аҳтам Ҳамроқулов) мағлуб намуда, аз иштироки минбаъда дар мусобиқа маҳрум кард.
Тақдири роҳхати ягонаро ба марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ дастаҳои «Вахш» ва «Саройкамар» 26 феврал пас аз бозии финалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара ҳал хоҳанд кард. Дастаи ғолибомада моҳи марти соли равон дар марҳилаи мазкур дар Душанбе иштирок мекунад.