
Суол:
Азодорӣ 1 сол аст ё 3 рӯз?
Дар миёни мардуми мо чунин анъана ҳаст, ки баъди аз сар гузаштани ягон аъзои оила ё хеши наздик азо гирифта ба тӯю маъракаҳо намераванд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин талаботи дини мубини ислом набуда, хурофот аст. Фаҳмидан мехостам, ки ислом муҳлати азодориро чанд вақт муайян намудааст?
Хайрандеш, н. Фархор
Посух
Тибқи фармудаҳои дини мубини ислом аз ҳадисҳои пайғамбар азодорӣ танҳо се рӯз аст. Фақат зане, ки шавҳараш аз олам мегузарад, бояд барои пос доштани хотираи никоҳ чор моҳу даҳ рӯз азо бигирад. Зан дар ин муддат идда мепояд ва набояд то чор моҳ худро оро диҳад. Дар сӯги дигар аъзои хонавода ва хешовандони наздик се рӯз азо гирифтан кифоя аст.
Суол:
Шишта намоз хондан убол аст?
Дар масъалаи шишта намоз хондан баҳсҳо хеле зиёданд, бинобар ин, мехостам дақиқан нигоҳи дини мубини исломро дар ин масъала бидонам. Шишта намоз хондан бо узр ҷоиз ҳаст ё не?
Эсамбой, аз н. Ҳисор
Посух:
Худованд дар Қуръони азимушшаън мефармояд, ки дин осонӣ аст. Дин мушкилӣ нест. Вақте ки инсон узр дошта бошад ва рост истода ибодат карда натавонад, нишаста намоз хонад, равост.
Суол:
Оҳи сағера мегирад?
Мегӯянд, ки дуои сағера, бевазан ва ятим тез ба даргоҳи Худованд қабул мешавад. Мехоҳам донам, ки ин андеша то куҷо ҳақиқат дорад. Аз нигоҳи дини мубини ислом дуоҳои кадом тоифаи одамон тез мустаҷоб мегардад?
Суннатулло, аз н. Панҷакент
Посух:
Ҳамон дуоҳое ба даргоҳи Худованд тез қабул мешаванд, ки бо ихлос ва нияти холис ба Парвардигор арз мегарданд. Вақте ки одам бо дили пур ва нияти пок бо Офаридгор роз мегӯяд, Худованд дуои ӯро ба зудӣ мустаҷоб мегардонад, ба шарте, ки инсони пок бошад ва танҳо луқмаи ҳалол хӯрад.
Суол:
Пешоби кӯдак бенамоз мекунад?
Андешаҳо перомуни бенамоз кардани кӯдак гуногун буда, як хулосаи аниқ баровардан душвор аст. Аз ҳамин сабаб ба “Оила” муроҷиат намудам, то нигоҳи донандагони нозукиҳои дини исломро сари ин масъала бидонам.
Саидмуҳаммад, ш. Душанбе
Посух:
Пешоби кӯдаки ширхора бенамоз мекунад. Агар аз духтарча бошад, боз ғализтар аст. Барои ҳамин вақте ки кӯдак дар бағалатон пешоб кард, ҳатман шустан лозим аст. Либосе, ки ба он пешоби тифл расидааст, то нашӯед, намозӣ намешавад.
Суол:
Қасрро дар сафар чӣ тавр мехонанд?
Ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар мекунам. Дар ҷое хонда будам, ки дар сафар инсон бояд намози қаср хонад. Мегуфтед, ки ин намоз чӣ тавр гузошта мешавад?
Фирӯза, н. Ҳамадонӣ
Посух:
Намози қаср дар он ҳолате хонда мешавад, ки кас аз минтақаи худ ба дигар тараф сафар мекунад. Тибқи назари уламои Тоҷикистон дар сурати ба масофаи ба 120 км ва тибқи гуфтаи уламои дигар давлатҳо зиёда аз 100 км роҳ рафтан намози қаср хонда мешавад. Дар ин сурат намозҳои чор раката- пешин, аср ва хуфтан ду ракатӣ хонда шуда, суннатҳо бе тағйир мемонанд. Инсон, агар қасди сафари 15 рӯза дошта бошад, то расидан намозашро қаср мехонад ва баъди расидан пурра. Сафари 10-12 рӯза бошад, қаср мехонад. Вақте ки шахс ба манзилаш мерасад ва аз қафои ягон марди таҳҷоӣ намоз мехонад, дар ин сурат бояд намозро пурра хонад, вале рафт у эмом шавад, намозро қаср адо мекунаду одамони таҳҷоӣ давоми намозро алоҳида мегузоранд.