
Бо фаро расидани баҳор дар аксари манотиқи Тоҷикистон лимити барқ лағв шудааст. Сокинони бархе манотиқи Тоҷикистон дар суҳбат бо сомонаи "Pressa.tj"гуфтанд, ки шаб ва рӯзи 23 ба 24 феврал неруи барқ дар кошонаҳояшон 24 соат қатъ нашуд.
Қабл аз ин, сокинони манотиқи куҳистонии Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки шабу рӯз баъзан то 13 ва 22 соат барқ мегиранд. Лағви лимити барқ дар замоне сурат гирифт, ки Толибон хатти интиқоли Санктуда- пули Хумриро ҳадаф қарор дода, пурра нобуд карданд.
Як рӯз қабл, Толибон хати дигари интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро мавриди ҳамла қарор доданд. Бо вайрон шудани хаттҳои интиқоли барқ ба Афғонистон лимити неруи барқ аз байн бардошта шуд.
Аммо масъулини "Барқи тоҷик"мегӯянд, имсол ҳаво гарм ва мусоид омад, аз ин рӯ лимити неруи барқ тезтар лавғ мешавад.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар фасли зимистону тобистон ба камбуди шадиди неруи барқ рӯ ба рӯ мешавад.