Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Футзал: бохте ки шарманда накард

$
0
0

Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон пас аз бохти шогирдонаш дар вохӯрии аввалини Чемпионати Осиё-2016 аз тими Тайланд боҳисоби 5:4 ҳамин суханонро ба забон овард. Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, вохӯрӣ бо дастаи пурзӯр ва таҷрибадори Таиланд хеле шавқовару шадид гузашта, барои футзалчиёни тоҷик, ки бори аввал дар чунин мусобиқаи бонуфуз иштирок менамоянд, имтиҳони ҷиддӣ гардид. Дастаи Таиланд, ки 2 бор медалҳои нуқра ва 4 бор биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст овардааст, дар ҷараёни бозӣ голи якумро зада, пас аз ин се бор маҷбур шуд, ҳисобро 4:4 мусовӣ намояд. Ба онҳо фақат дар дақиқаи охирини мусобиқа мяссар шуд, ки тӯби панҷумро ба дарвозаи тоҷикон ворид намоянд.

Шояд агар довар Некрӯз Алимаҳмадовро аз майдон намеронд, натиҷаи бозӣ мусовӣ – 4:4 мемонд.

Сармураббӣ изҳор намудааст, ки аз ду бозии гурӯҳии дигари даста бо тимҳои Ветнам (13 феврал) ва Тайбэйи Чин (15 феврал) умеди калон дорад. Ба онҳо танҳо ғалаба лозим аст.

Тегхо:

Addthis: 
Автор: 
Эмоми Назариён

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>