
Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳанд, ки ба дуздии планшет, ноутбук ва ҷавоҳироти тилловорӣ муттаҳам мешавад.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки марди 26 солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба хонаи истиқоматии зани 49-сола даромада, аз он ҷо як адад ноутбук, як адад планшет ва ҷавориҳоти тиловорӣ, ҷамъ ба маблағи 15000 сомониро дуздида ва аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Бар асоси ин иттилоъ: "Рӯзи 10.02.с.2016, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҳамадониро бо гумони даст доштанаш дар ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда рӯзи 04.02.с.2016, тахминан соати 09:00 дақиқа бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 49-солаи сокини ҳамин ноҳия гардида, аз он ҷо як адад ноутбук, як адад планшет ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 15000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд".
Нисбати ҳодисаи марзкур парванди ҷиноӣ бозшуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.