
Профессори мӯйсафед, кифи вазнин дар китфаш кашол аз болои пули дарёи «Лучоб», ки каме поёнтар ба дарёи «Душанбе» мепайвандад, оҳиста-оҳиста қадам зада мегузарад ва ба ҳавлии шаҳраки донишҷӯён ворид мегарад.Чӣ хаёлоте сарашро гиҷ карда, оё чизеро дар хона фаромӯш накард? Ҳама хостаҳои донишҷӯёнро овард, дастанависҳоро хонд? Тавсияҳоро навишт? Маърузаи конфронсро, ки шаб то субҳ майна об карда, навишта буд, фаромӯш накардааст? Аз ҳама муҳим, китоби навашро барои донишҷӯйи ҳамешаталб гирифт ё не? Ҳама чизро бояд гирифта бошад, кифаш вазнин… Он чунон вазнин, ки ба дард омад. Ин ҳафта барои ӯ сангин буд, ду диссертатсия хонд. Боз кадом донишҷӯ мусаввадаи ҳикояву лавҳаҳояшро ба дасташ маҷбуран дода буд, ки таҳрир кунад. Китоби дӯсташ Раҷаб Мардонро қариб тамом кард, бояд ба он китоб тақриз нависад, чун бозёфтҳои аҷиб дорад. Илҳомҷон «Устод дар конфронс Шумо бояд баромад кунед», - гуфта ба ҷону ҳолаш намонд, маҷбур шишта телевизор тамошо кард, -бо вуҷуди вазнин будани гӯшҳояш, маърӯзаро навишт. Чанд ҳафта боз мехоҳад дар бораи очерки «Зайнаббибӣ»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, ки то имрӯз чун қисса муаррифӣ шудааст, мақола нависад…
Воқеан, зиндагии устоди фақид, доктори илми филология, профессор Асадулло Саъдуллоев ҳамеша чунин ҷараён дошт. Ҳамеша дар такопӯ, аммо ин такопӯ мисли такопӯи ҳама набуд. Ин такопӯ саросемагиву асабониву дар такудав набуд. Ин такопӯи ботамкин буд. Тамкини хоси Саъдуллоев…
Устод Асадулло Саъдуллоев, яке аз пурмаҳсултарин олимони риштаи журналистика ва яке аз поягузорони илми журналистикаи миллӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар Афғонистон ҳастанд. Муаллифи 40 китобу қариб ҳазор мақола…
Дар доираҳои журналистикаи амалӣ чун очеркнависи касбӣ, дар доираи журналистикаи илмӣ чун муҳаққиқи борикназар, дар адабиёт чун адиби хотиранавис, мунаққиди нуктасанҷ, муҳаққиқи пуркор, барои донишҷӯён устоди беназир, ба шогирдон роҳнамо, ба фарзандон такягоҳ…
Сағира аз деҳаи Карсанги Ваҳдат, бо шиму куртаи ба қарзгирифта ба Душанбе омада, ба факултети таъриху филология дохил шуд ва нохудогоҳ ба сафи ҷавонони пуршӯру шари адабиёти солҳои 60-ум ворид гашт. Абдулҳамид Самад, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Бозор Собир, Лоиқ, Раҳими Мусулмониён, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ ҷавонони беқарор ва навгарои адабиёт буданду Асадулло ҳам бо онҳо. Ҳикоя менавишт, дар баробари ин тақриз ба китоби ашъори дӯстонашу ба намоишномаҳои театрӣ. Як ҳикояашро Деҳотӣ сахт, зери тозиёнаи танқид гирифт… Бо ҳамин расман аз баҳри ҳикоянависӣ гузашт. Орзӯйи нависандашавиро як сӯ гузошту ба кори телевизион пайваст, гӯё ки…
Аммо боз меҳри қаламу коғаз ӯро ба худ кашиду ба кори газета пардохт ва аз он ҷо ба кори муаллимӣ дар кафедраи журналистика. Ҳамроҳи Воҳид Асрорӣ, Абдусаттор Нуралиев, Иброҳим Усмонов факултаи журналистикаро сохтанд, аввалин китобҳои журналистиро навиштанд, аввалин таҳқиқотҳоро карданд. «Бузургтарин ва асосгузори математика кист? Оне ки аввалин маротиба 2+2=4 гуфтааст» мегӯянд. Устод Саъдуллоев бо ҳаммаслаконашон 2+2-и илми журналистикаи тоҷикро гуфтанд…
Мо бисёр суҳбат мекардем. Ба ҳамдигар бисёр наздик будем. Хонанда маро бубахшад, ки ҷумлаҳо нотамом, фикрҳо кандаву парешон мебароянд. Аммо хонанда маро бояд фаҳмад, ки дар мавриди марги инсони наздик наметавонам, чизи дурусте нависам. Ман ба ин марг омода набудам.
Гумон намекардам, ки дар назди устод қарздор мемонам. Гумон намекардам, ки умр бевафоӣ мекунаду хостаи устодро, ки барои мо амру фармону қонуну протоколу намедонам, хартияву эъломияву… ким -чиҳои дигар барин қурб дошт, ба замин мемонам. Устод мехостанд, ки ба китоби аввалини ман, ки ростӣ ҳанӯз маводаш омода нест, сарсухан нависанд.
«Ба ҷонканаки журналистика, ба умеде ки аввалин китобашро бо соядаст ба А.С. диҳад», «Ба хиратарин одами рӯёйи дунё ба хотири он, ки ба китобаш сарсухан нависам»… ва маро маҷбур мекарданд, ки танбалӣ накарда тезтар маводи китобамро омода кунам… Аммо чӣ илоҷ? Тақдир…
Устод ҳамеша афсӯс мехӯрданд, ки ҷиддӣ ба нависандагӣ машғул нашуданд:
-Шояд нависандаи нағз мешудам, повесту роман менавиштам, аммо афсӯс…
Лекин ман медонистам, худи устод ногаҳон пукида монданд, ки ду кифи баста, ҳикоя доранд, ки ҷое нашр нашудаву касе нахонда...
-Бо адибони зиёд, бо одамони шинохта, нишасту хез доштем, мехоҳам хотираҳоямро дар бораи онҳо нависам… Махсусан Турсунзода, Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода ва амак (Фазлиддин Муҳаммдиев).
Аммо ин орзуйи устод ба хок рафт… Марг амон надод.
...Аввалҳои моҳи декабр буд. Кафедраи радиотелевизион даромада, аз Апаи Сабоҳат устодро пурсидам. Ҳозир баромаданд, гуфтанд. Давида ба саҳни бино баромадам. Ҳаво каме туман. Миёни анбӯҳи туман, хира-хира, марди резапайкар, кифаш дар китфаш кашола нопадид мешуд, ҳар қадар дур мерафт ноаёнтар мегардид… Ин охирон факултаоии устод буд…
Дирӯз инро ба як дӯстам, нақл карда, аз ҳамон роҳ мегузаштем. Ӯ гуфт:
-Дигар марди резапайкар, гардани уштурро тай карда намеояд ва миёни анбӯҳи туман нопадид шуда намеравад…
Гуфтам:
-Чаро?
Гуфт:
-Марди резапайкар, фавтид… тамом, дигар нест…
Гуфтамаш:
-На! Танҳо он пайкараи реза моро тарк гуфт. Аммо ӯ зинда аст… то ман ҳастам, то ту ҳастӣ, то ӯ ҳаст… то илми журналистика ҳаст… то адабиёт ҳаст… ӯ ҳаст, ҷое нарафта…
Одили НОЗИР
P.S. Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз марги устод Асадулло Саъдуллоев сахт андӯҳгин буда, ба пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳанд.