Бозиҳои II олимпии зимистонаи ҷавонон, ки як бор дар ҳар чор сол, дар соли баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпӣ барпо карда мешавад, ин дафъа аз 12 то 21 феврал дар шаҳри Лиллехаммери Норвегия мегузарад .
1000 нафар варзишгари ҷавони аз 15 то 18-сола барои 70 номгӯйи ҷоизаҳои олимпӣ талош мекунанд. Мусобиқаҳо дар иншооти варзишии барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 1994 сохташудаи Лиллехаммер аз рӯйи намудҳои биатлон, бобслей, скелетон, кёрлинг, хоккей, чанасаворӣ, лағжиш бо конки, шорт-трек, дави босуръат бо конки, лижаронии кӯҳӣ, фристайл, сноуборд, лижаронӣ, лижаронии дуҳарба ва ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ҷараён мегирад.
Маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои ҷавонон ва лаҳзаҳои ҷолиби онро барои мухлисони варзиш ширкати Samsung ва Gear VR якҷо бо хати Galaxy манзур медоранд.