
Мудири Маркази пажӯҳишии Афғонистони муосир дар Тоҷикистон муътақид аст, ки гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон наметавонанд ба таври мустақим кишвари ҳамсояро ҳадафи ҳамалоти худ қарор диҳанд.
Қосимшоҳ Искандаров теъдоди умумии ҷангҷуёни вобаста ба Толибон ва ДИИШ дар шимоли Афғонистонро байни 3 то 5 ҳазор нафар тахмин мезанад ва мегӯяд, ин гурӯҳҳо ба таври мустақим наметавонанд алайҳи Тоҷикистон иқдом кунанд.
Мудири Маркази пажӯҳишии Афғонистони муосир дар Тоҷикистон афзуд: "Авлавияти гурӯҳҳои ифротии фаъол дар шимоли Афғонистон тавсеаи манотиқи таҳти нуфузи худ дар ин манотиқ аст".
Вай гуфт, дар вилояти Бадахшони Афғонистон наздик ба ҳазору 500 ҷангҷӯ ҳузур доранд ва дар вилояти Тахор ва Қундуз низ теъдоди зиёде аз аъзои гурӯҳи Толибон дар ҳоли даргирӣ бо нерӯҳои давлатии Афғонистон ҳастанд.
Искандаров афзуд: "Бештари аъзои ин гурӯҳҳоро Толибон ташкил медиҳанд ва теъдоде аз афроди вобаста ба ДИИШ низ дар вилоёти шимолии Афғонистон, дар наздикии марзи Тоҷикистон ҳузур доранд".
Мудири Маркази пажӯҳишии Афғонистони муосир дар Тоҷикистон гуфт: "Бархе аз ҷангҷуёни вобаста ба ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва ҷамоати Ансоруллоҳ низ дар таркиби гурӯҳи Толибон ва ДИИШ мушоҳида шудаанд, ки мунтазири дастур аз фармондеҳони худ ҳастанд".
Искандаров афзуд: "Ҳамакнун ин гурӯҳҳо ба дунболи ҷазби нерӯ ҳастанд ва ба ин манзур таблиғоти густардаеро дар шимоли Афғонистон оғоз карда ва барои афроди тозаворид давраҳои омӯзиши низомӣ баргузор мекунанд".