Додгоҳ ронандаи троллейбусро барои дуруст идора накардан, ки боиси бархурд бо автобуси мусофиркаш шудааст, 120 сомонӣ ҷарима кард.
Ба иттилои расонаҳо Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нуралтев Ӯ, ронандаи троллейбусро барои нақзи қоидаи ҳаркати роҳ, ки сабаб бархурд бо автобус шудааст, 120 сомонӣ ҷарима кард.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Нуралиев.У, ронандаи троллейбусро барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо бархӯрд бо автобус анҷомидаст, 120 сомонӣ ҷарима кард
Дар пайи баррасии маводи парванда додгоҳ ронандаи троллейбусро дар нақзи талаботи банди 9.9-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон гунаҳкор донистааст, ки тибқи он “ронанда бояд аз воситаи нақлиёти пеш аз у равон, чунин фосилаеро нигоҳ дорад, ки аз хавфи ба ҳам бархӯрдан эмин бошад, ҳамчунин фосилаи зарурии паҳлуиеро риоя кунад, ки бехатарии ҳаракатро таъмин карда тавонад”.
Ба иттилои манбаъ Нуралиев гуноҳашро пурра иқрор карда, зарари ба автобус расондаро барқарор кардааст. Дар баробари ин ӯ дар ҳаҷми се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба маблағи 120 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримабандӣ шудаст.