
Рӯзи шанбе, 23 январи соли 2016. Барои кори таъҷилие роҳ сӯйи шаҳри Қӯрғонтеппа гирифтем.
Маркази шаҳри Қӯрғонтеппа мисли аксари шаҳрҳо пур аз мошину пиёдагард аст. Аммо баъзе аз ноободиҳои ин шаҳри обод табъи ҳар касро хира месозад. Махсусан дар маркази шаҳре, ки он маркази вилоят мебошад.
Дар маркази шаҳри Қурғонтеппа, манораву ҳавзҳои шикаставу рехта ва ноободу валангор зуд ба чашми одам бармехӯрад. Мисле ки дар ин шаҳр касе ба кори ободии шаҳр назорат намебурда бошад. Маркази вилояту ноҳияҳо симои он вилоят аст. Аммо вақти гаштугузор дар шаҳри Қурғонтеппа ҳеҷ чунин симои зеборо неметавон дарёфт. Нигаред ба суратҳое, ки он аз ин ҷо гирифта шудаанд. Кафелҳои гирди манора шикаставу тамоман ғалтидаанд. Девораҳои гирдогирди ҳавзҳои назди ин манора шикаставу хеле безеб ба назар мерасад. Ҳангоми аксбардорӣ бо яке аз сокинони он ҷо суҳбат оғоз намудам. Аз суханони ҳамсуҳбатам маълум гашт, ки чанд ҳафта пеш аз муҳоҷират баргаштаасту аз нозукиҳои таъмир бархӯрдор аст. Ӯ гуфт:
-Дар муддати кӯтоҳ шикастани кафелҳо ва рехтани девори ин ҷо сабабҳои гуногун дорад. Якум, бо сифат набудани масолеҳи сохтмонӣ, дуюм кори бесифати коргарон. Ҳамсуҳбати мо аз як биное, ки дар маркази шаҳри Маскав ҳанӯз якуним аср пеш сохтаву то ҳол аз шиддати сардиву барф вайрон нашудааст, ёдовар шуд.
-Агар коргари ҳалолкор бошад, роҳбар ба кори коргар назорати ҷиддӣ барад ва бо масолеҳи босифат таъмин намояд, он вақт дар даҳ- бист сол зарурати азнавсозии чунин ҷойҳо ба миён намеояд.
Бигзор масъулин ва шахсони мутасаддӣ субҳи худро ба курсинишинӣ бегоҳ накунанду каме ҳам бошад, аз камбудиҳои шаҳр бехабар намонанд.
Вилояти Хатлон, яке аз вилоятҳои бонуфузи ҷумҳурӣ буда, ҳамарӯза миқдори зиёди шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон аз шаҳрҳои гуногуни он дидан мекунанд. Махсусан аз шаҳри Қурғонтеппа, ки маркази вилоят асту тамоми сохторҳои вилоятӣ дар ин шаҳр ҷойгир мебошад.
Президенти Тоҷикистон ҳамеша дар суханрониҳояш аз ободониву кабудизоркунӣ ва сохтани шаҳрҳои замонавӣ ёдовар шуда, худаш шахсан, дар ҳар кадом ноҳияе ки сафар кунад, бевосита ба шинонидани дарахт ё ободии он мепардозад.
Маҳинаи Давлат,
“Тоҷикистон”