Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Шаҳрдорӣ нархгузориҳоро дар бозорҳо назорат мебарад

$
0
0

Сайфулло Амонов, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои маъмурияти шаҳри Душанбе иброз намудааст, ки новобаста ба поинравии асъори миллии сомонӣ нисбат ба доллар нарҳҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои пойтахт  муътадил бокӣ мемонад.

    - Бинобар маълумоти раёсати омории шаҳрдорӣ, ки ҳафтаи гузашта омода шудааст, аз 31 номгӯйи хӯрокворӣ дар бозорҳои пойтахт нархҳои 12 номгӯйаш (34% фоиз)  арзонтар шуда, нархҳои 19 номгӯйи дигараш, ки аз хориҷа дастрас мешавад,  48% афзудааст,- гуфтааст С. Амонов. – Масалан, вобаста ба қурби доллар воридоти орду ғалла аз Қазоқистон  ва баланбардории боҷи гумрукӣ нархи чой баланд шудааст.

 Шаҳрдорӣ барои пешгирии баландшавии нарх (пеш аз ҳама – орду шакар, равғани растанӣ ва дигар маҳсулоти хӯроквории воридотӣ) мақсад дорад ба бозорҳои коммуналӣ қарзҳои бефоиз ба муҳлати аз 6 то 9 моҳ бидиҳад. Директорони бозорҳо  вазифадор шудаанд, ки маҳсулоти бегоҳиҳо аз минтақаҳо ба Душанбе воридшавандаро арзонтар харидорӣ намоянд.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>