Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Вазорати молия аз тадбирҳои зиддибуҳронӣ хабар дод

$
0
0

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи кишвар сешанбеи гузашта ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст, ки дар соли равон тадбирҳои коҳиш додани бурҳони ҷаҳонии молиявию иқтисодиро роҳандозӣ намояд.

Бинобар гуфтаи ӯ, нақшаи чорабиниҳои мазкур барои соли равон дар ҷаласаҳои Ҳукумат ва Вазорати молия баррасӣ шудааст. «Тибқи дурнамоиҳо имсол нуқтаи баланди бурҳони ҷаҳонӣ аз ҷумла дар кишварҳои ҳамкории тиҷорию иқтисодидоштаи мо ба миён меояд. Ба ин муносибат мо чорабинию тадбирҳои  зиддибурҳониро татбиқ хоҳем кард», - гуфт Ҷамшед Каримзода.

Вай афзуд, ки нақшаи зиддибурҳонӣ аз ҷумла сарфаи маблағҳои буҷетиро тавассути кам кардани хароҷоти дуюм - ба мисли харидории мебелу мошинҳои хизматӣ, сохтмони иншооти на онқадар муҳим ва ғайраро ба назар гирифтааст. Соли 2015 аз ҳисоби кам кардани хароҷоти дуюм 270 млн. сомонӣ сарфа карда шуда буд.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>