Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Профессор Асадулло Саъдуллоев аз олам даргузашт

$
0
0

Асадулло Саъдуллоев, профессор, адабиётшинос ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон субҳи имрӯз бар асари бемории тулонӣ аз олам даргузашт.

Ҷанозаи ӯ дар маҳаллаи 9 климетр дар соти 16:00 баргузор мешавад

Асадулло Саъдуллоев 22-уми сентябри соли 1940 дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст ва бахши филологияи онро соли 1962 хатм кардааст. 

Фаъолияти кориашро аз ягона шабакаи телевизиони давлатии кишвар чун муҳаррири барномаҳо оғоз кардааст. Аммо ду сол баъд ба кори газета гузашта ва муддати 17 сол дар рӯзномаҳои “Маориф ва маданият”, “Газетаи муаллимон”, “Тоҷикистони советӣ” дар вазифаҳои мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир кор кардааст.

Ҳамзамон бор кори журналистӣ ба кори илмӣ низ пардохтааст. Соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториро ҳимоя кардааст. 

Асадулло Саъдуллоев дар баробари кор дар нашрияҳои мухталиф ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шуда, дар факултаи журналистика дарс мегуфт.

Солҳои 1992-2002, 2007-2009 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ ва солҳои 2002-2005 декани факултаи журналистикаи ДМТ буд.Асадулло Саъдуллоев муаллифи беш аз 40 асари илмӣ ва беш аз ҳазор мақолаи публитсистӣ мебошад.

Узви Иттифоқи журналистон (1965) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1992) аст. Аълочии маориф, фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорандаи Ифтихорномаи Совети Олии РСС Тоҷикистон мебошад. 

Соли 1998 барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони кишвар ба номи Лоҳутӣ шуда, худи ҳамон сол бо медали “Хизмати шоиста”  қадр шудааст. 
Корманди шоистаи Тоҷикистон  аст.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>