Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҳафтаи оянда Антонов бо мақомоти сиёсӣ ва амниятии тоҷик мулоқот мекунад

$
0
0

Анатолия Антонов ҳафтаи оянда ба Душанбе омада, қарор аст, бо мақомоти сиёсӣ ва амниятии Тоҷикистон мулоқот кунад.

 

Дар ин хусус расонаҳо иттилоъ дода афзудаанд, ки ба эҳтимоли зиёд Анатолия Антонов, муовини вазири дифои Русия ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд.

Русия бо Тоҷикистон ҳамкориҳои қавии амниятӣ ва низомӣ дорад. Неруҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ҳақққи 49 сол бидуни ягон андоз фаъолият карданро дарёфт кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон Русияро аз ширикони роҳбурдии худ дар сиёсати хориҷа эълон кардааст.

Тоҷикистон бо далел ҳаммарз будан бо Афғонистон сиёсати низомӣ ва амниятиро бо Русия афзоиш додааст. Мақомоти Русия низ аз он нигаронанд, ки ҳаракати "Давлати исломӣ"аз тарақи Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна хатар эҷод мекунанд.

Ба навиштаи расонаҳо сафари муовини аввали вазири дифои Русия ба хотири таҳкими ҳамкориҳои низомию амниятӣ сурат мегирад.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>